ПРОКУРАТУРАИ СССР, органи давлатӣ, ки аз тарафи замаи вазоратҳо, комитетҳои давлатб, идора, корхона, муассиса ва ташкилотҳо, органҳои иҷроияву амрдиҳандаи Советҳои маҳаллии депутатҳои халқӣ, колхоззо, ташкилотҳои кооперативӣ ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ, шахсони мансабдор, инчунин гражданинҳо аниқ ва як хел иҷро кардани қонунҳоро, ки дар СССР амал доранд, таъмин мегардонад ва назорат мекунад.
Прокуратураи советӣ (прокуратураи давлатӣ) бо қарори КИМ-и Умумироссия 28 май соли 1922 бо мақсади назорат, риояи қонунҳо ва дуруст ба роҳ мондани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ таъсис шуд. То соли 1933 прокуратура ба системаи комиссариатҳои халқии республикавӣ дохил мешуд. Азбаски инкишофи давлати сотсиалистӣ назорати прокурории нисбатан марказонидашударо талаб менамуд, соли 1933 Прокуратураи СССР таъсис карда шуд (СЗ СССР, 1933, № 40, ст. 239). Органзои прокуратура системаи ягонаи марка-зонидашударо ташкил медизанд. Назорати Олии Прокуратураи СССР ба мустаҳкам намудани қонунияти сотсиалистӣ ва зифзи он нигаронида шудааст.
Ба Прокуратураи СССР Прокурори Генералии СССР роҳбарӣ мекунад, ки аз тарафи Совети Олии СССР ба мӯҳлати 5 сол таъин карда мешавад. Прокурори Генералии СССР дар назди Совети Олӣ масъулу ҳисоботдиҳанда, дар давраи байни сессияҳои он бошад, дар назди Президиуми Совети Олии СССР ҳисоботдиҳанда мебошад. Таркиби Прокуратураи СССР-ро Президиуми Совети Олии СССР тасдиқ мекунад. Прокуратураҳо дар рсспубликаҳои иттифоқию автономӣ, кишвару вилоятҳо, вилоятҳои автономӣ, округҳои автономӣ, шаҳру районҳо (бо қарори Прокурори генералӣ дар якчанд райони маъмурӣ як прокуратура ташкил кардан мумкин аст) ташкил карда мешавад. Дар Прокуратураи СССР дар ҳайати Прокурори генералӣ (раис) ва коркунони роҳбарикунандаи прокуратура коллегия ташкил дода мешавад. Прокурорҳои республикаҳои иттифоқию автономӣ, кишвару вилоятҳо ва вилоятҳои автоломиро Прокурори генералии СССР таъин мекунад. Прокурорҳои округҳои автономӣ, районию шаҳриро прокурорҳои республикаи иттифоқӣ таъин ва Прокурори генераляи СССР тасдиқ мекунад (моддаи 166 Конститутсияи СССР).
Органҳои прокуратура фақат ба Прокурори генералии СССР итоат карда, ваколати худро қатъи вазир аз ҳама гуга органҳои маҳаллӣ мустақилона ба амал мебароранд. Ташкилу тартиби фаъолияти Прокуратураи СССР- ро қонун дар бораи Прокуратураи СССР муайян мекунад (моддаи 168 Конститутсияи СССР).