ПРОКОПЕНКО Сергей Кузмич (таваллудаш 25. 10. 1923, деҳаи Воронсовкаи райони Павловскийи вилояти Воронеж), ходими давлатии советӣ. Номзади илмҳои иқтисодӣ (1968). Аъзои КПСС аз соли 1945. Аз оилаи деҳқон. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941— 1945). Мактаби одии мадсулоттайёркунии Вазорати мазсулоттайёркунии СССР-ро хатм кардааст (1952). Солҳои 1944—1949 назоратчӣ, ҳисобии. ҷонишини намояндаи дар pайони Воронсовкаи вилояти Воронеж будан Вазорати маҳсулоттайёркулии СССР. 1949—1952 хонандаи Мактаби олии маҳсулоттайёркунии Вазорати маҳсулоттайёркунит СССР, 1952—1965 сардори Управленияи републикавии Тоҷикистон оид ба сифати маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ва сардори Инспексияи давлатии ғалла, 1965—1970 ҷонишини раиси Комитети давлатӣ оид ба маҳсулоти ғалла ва саноати хӯроки омехтаи чорвои РСС Тоҷикистон, 1970—1973 чонишини вазир, 1973—1979 ҷонишини якуми вазир ва аз октябри 1979 то январи 1986 вазири маҳсулоттайёркунии РСС Тоҷикистон. Аз январи 1986 вазири маҳсулоти ғаллагин РСС Тоҷикистон. Прокопенко оид ба иқтисодиёти маҳсулоттайёркунӣ, коркард ва нигаҳдории ғалла тадқиқот бурда, беш аз 40 мақолаву асарҳои илмӣ навиштааст. Депутати Совети Олии РСС Тоҷикистон (даъватҳои 10—11). Бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, ордени «Нишони Фахрӣ» ва медалҳо мукофотонида шудааст.
Tags Ходими давлатӣ
Инчунин кобед
САФОЛ
САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …