Маълумоти охирин
Главная / Илм / ПРОСЕССИ ИЗОБАРӢ

ПРОСЕССИ ИЗОБАРӢ

ПРОСЕССИ ИЗОБАРӢ, просессест, ки дар системам физикӣ ҳангоми доимӣ будани фишори беруна ба амал меояд. Оддитарин мисолҳои Просесси изобарӣ инҳоанд: гармкардани об дар зарфи кушода, васеъ шудани газ дар силиндре, ки поршени он озодона ҳаракат мекунад. Дар дар ду ҳолат ҳам фишор ба фишори атмосфера баробар аст. Ҳангоми Просесси изобарӣ, ҳаҷми гази идеалӣ ба ҳарорат мутаносиб аст (қонуни Гей-Люссак). Дар Просесси изобарӣ гармиғунҷоиши система нисбат ба просесси изохорӣ (ҳангоми ҳаҷми доимӣ) калон аст, зеро ҳангоми Просесси изобарӣ система аз ҳисоби миқдори гармии ба он додашуда на фақат гарм мешавад, балки кор ҳам иҷро мекунад.

isoprocess

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …