ПРИМИТИВ (аз лотинӣ primitivus — нахустин, аз ҳама аввал), мафҳумест дар санъатшиносӣ. Аввалҳо ёдгориҳои давраи қадимтарини инкишофи санъатро ифода мекард. Мафҳуми «Примитив» бори аввал дар асрҳои 18—19 дар осори эстетикӣ ва санъатшиносии мамлакатҳои Европаи Ғарбӣ пайдо шуд. Дар санъатшиносии муосир мафҳуми «Примитив» нисбат ба асарҳои мусаввирони охири асрҳои миёна (масалан Примитиви италиявӣ), ба санъати халқҳое, ки хусусиятҳои сохти ҷамъиятӣ ибтидоиро нигоҳ доштаанд (истилоҳи «санъати примитивӣ» танҳо дар илми хориҷӣ вуҷуд дорад), ба эҷодиёти санъаткороне, ки маълумоти махсуси касбӣ нагирифтаанд ва нисбат ба намояндаи ҷараёни примитивизм кор фармуда мешавад.
Инчунин кобед
САФИНА
САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …