ПРЕСТО (италиявӣ presto — тез), дар мусиқӣ — суръати баландро гӯянд. Асри 17 маъмул гардида, дар асри 18 қиёсан бо аллегро суръати нисбатан тезро ифода мекардагӣ шуд. Истилоҳи «Престо» бо истилоҳоти иловагии аниқкунанда — presto, assal, presta molta (хеле тез), prest та nontroppo (на он қадар тез) низ алоқамандона истифода мешавад. Суръати хеле тезро дар мусиқӣ престиссимо меноманд.