Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ПРАСОЛОВ Леонид Иванович

ПРАСОЛОВ Леонид Иванович

prasolov-l-i

ПРАСОЛОВ Леонид Иванович (13. 4. 1875, ш. Енисейск, ҳозира кишвари Красноярск—13. 1. 1954, Москва), хокшинос ва географи советӣ, акад. АФ СССР (1935; аъзо-корр. 1931).

Аз пайравони В. В. Докучаев. Соли 1898 Университети Петербургро хатм кардааст.

Солҳои 1898—1906 мудири шӯъбаи хок дар назди идораи губернияи Са­мара, 1908—1914 роҳбари экспедитсияҳо оид ба тадқиқи хок дар Осиёи Миёна, Забайкалия, вилояти Семипалатинск, губернияи Ени­сей, инчунин Дон (1915—1918) ва 1918—1925 ходими илмии шӯъбаи хоки Комиссия оид ба тадқиқи қувваҳои истеҳсолии табиӣ дар назди АФ СССР буд. Соли 1926 дар Институти Хо­ки АФ СССР (солҳои 1937—1948 дирек­тори институт) кор кардааст. Оид ба ге­ография, картография ва таснифи хок тадқиқот бурдааст. Ӯ хосият ва пайдоиши хокҳои Қрим ва Кавказро тадқиқ кард ва бо шогирдону ходимони илмии худ харитаи хокҳои СССР ва инчунин харитаи хокҳои дунёро тартиб додааст. Соли 1947 ба­рои тартиб додани харитаи хокҳои дунё (масштаб 1: 50 000 000) АФ СССР Прасоловро бо медали тиллоӣ ба но­ми В. В. Докучаев Мукофотонид. Лауреати Мукофоти давлатии СССР (1942). Бо 3 ордени Ленин, ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Ас.: Почвы Туркестана, Л., 1925; Ми­ровая почвенная карта, Масштаб 1 : 50 000 000, М., 1937.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …