Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Пойтахти Панама

Пойтахти Панама

Панама (Раnamа), пойтахти Республикаи Панама. Бандари баҳрӣ дар саргаҳи канали Панама (аз тарафи уқёнуси Ором). Ба воситаи роҳи оҳан ва роҳи автомобилгард бо бандари Ко­лони соҳили баҳри Кариб алоқаманд аст. Аэропорташ аҳамияти байналхалқӣ дорад. Иқлими шаҳр субэкватории сернам. Ҳарорати миёнаи со­лона 27° С; боришот дар як сол 1500—2000 мм. Аҳолиаш 500 ҳазор нафар (1980).

Аксарияти аҳолӣ дар бандар ва киштиҳои канали Панама кор мекунад. Корхонаҳои, саноати хӯрокворӣ, чарму пойафзол, бофандагӣ, дӯзандагӣ, мебел, химия ва се­мент дорад. Дар шаҳр 2 университет, Академияи миллии илмҳои Панама ва дигар академияҳо, Музеи миллӣ, китобхонаҳо, театрҳо, консерватория ва ғайра мавҷуданд. Ёдгориҳои таърихи асосан дар шаҳри кӯҳнаи Панама воқеанд. Панамаро соли 1519 испаниҳо бунёд намудаанд, аз соли 1903 он пойтахти Республикаи Панама.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …