Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри ПОРТ-ЖАНТИЛ

Шаҳри ПОРТ-ЖАНТИЛ

ПОРТ-ЖАНТИЛ (Port Gen til), шаҳрест дар Республикаи Габон, ки дар соҳили уқёнуси Атлантик ва делтаи дарёи Огове воқеъ гаштааст. Аҳолиаш 78 ҳазор нафар (1975). Калонтарин бай­дари баҳрии мамлакат. Ба хориҷа асосан чӯбу тахта ва нефт мебарорад. Аэропорташ дорои аҳамияти байналхалқист. Дар Порт-Жантил заводҳои киштисозӣ ва таъмири киштӣ, коркарди нефт, оксигену асетилен, корхонаҳои чӯбу тахтабурӣ, истеҳсоли фанер (калолтарин дар Африка), саноати хӯроквори ва стансияи электрик олавӣ мавҷуданд. Аз зонаи шелфии назди содилҳои Порт-Жантил нефт ва газ истихроҷ мекунанд.

port-zhantil

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …