«ПОП-АРТ» (англ, pop art, аз pop — овози кӯтоҳ» зарби сабук; аслан санъати муассир; аз англисии popular art —санъати омафаҳм), равияи неоавангардӣ дар санъати тасвирист. «Поп-арт» ҷавобан ба санъати Дар синни 14 поабстрактӣ пайдо шуда, дар алоқамандӣ бо дадаизм ва сюрреализм дар нимаи дуюми солҳои 50 дар ШМА (асосгузори ҷараён — Р. Раушенберг, К. Олденберг, Ҷ. Розенквист, Ҷ. Ҷонс, Р. Лихтенстанн), Англия (П. Блейк, Р. Гамилтон) ва дигарон мамлакатҳо инкишоф ёфт.
Мақсади намояндагони «Поп-арт», ба ақидаи худашон, «инъикоси реалистии воқеият», нишон додани «қиматҳои эстетикоӣ» ашёи маҳсулоти оммавӣ, воситаҳои коммуникатсияи умумӣ (реклама, сурат, репродуксия ва ғайра) ба муҳити сунъии моддӣ мебошад, ки инсонро иҳота кардааст. Онҳо предметҳои типии маишату ҳаёти шаҳри муосир (ашёи рӯзгор, ҷузъиёти дохилии бино, қисмҳои мошин ва ғайра), ягон ҳодиса ё шахсиятҳои машҳурро айнан инъикос мекунанд (бештар ба воситаи коллаж ё дигар усулҳои ба ин монанд) ва ҳатто предмет ё суратҳоро ба композитсияи асар дар шакли аслӣ ё табииашон дохил менамоянд. Аниқтараш «Поп-арт» як навъ махлути бемантиқи ашёву тасвирот аст. «Поп-арт» мисли ҷараёни модернизм дар доираи ҷустуҷӯ ва таҷрибаҳои худ маҳдуд монда, аз тасвири реалистии воқеият дур мебошад ва бинобар ин моҳияти зиддиэстетикӣ дорад.