Маълумоти охирин
Главная / Илм / Перикардит

Перикардит

Перикардит (аз пери… ва kardio —дил), газаки халтачаи дил (перикард). Перикардити одам ду хел меша­вад: сироятӣ ва ғайрисироятӣ. Перикардити сироятиро коккҳо, вирусҳо, микобактерияҳои сил вағайра. меангезанд. Перикардити сироятӣ вобаста ба намуди ангезанда тарбодӣ, сифилисӣ, фасодӣ ва ғайра мешавад. Перикардити ғайрисироя­тӣ Перикардите мебошад, ки ҳангоми уре­мия, инфаркти миокард, ҷарроҳии дил ва ғайра ба вуҷуд меояд. Аз рӯи рафти газакгирӣ Перикардит хушк (фибринозӣ) ва тар'(экссудативӣ) мешавад.

М у о л и ҷ а: истеъмоли антибиотикҳо, воситаҳои зиддиаллергӣ, зиддиинтиҳобӣ, симптоматӣ ва ғайра; бо роҳи ҷароҳӣ ё пунксия гирифта партофтани экссудат.

Перикардити ч о р в о (гов, баъзан жовандаҳои дигар). Сабаби Перикардити чорво ҳамин аст, ки ҳамроҳи хӯрок ягон чизи сахти нуктез ба пешмеъда даромада, банд мешаваду девораи онро сӯрох карда ба халтачаи дил ҳам осеб морасонад ва он иллат меёбад. Аломатҳои он аз хӯрок мондан, суст ва кам кафша кардани ҳанвонот ва ғайра мебошад. Чорвои ба Перикардит гирифторшударо куштан даркор.

П е ш г и р ӣ: чарогоҳ ва хошокро тоза нигоҳ доштан.

Ад.: Волинский 3. М.. Гогин Е. Е., Заболевания перикарда, Л., 1964; Мя сников А, Л., .Внутренние болезни. М., 1967; Внутренние незаразные бо­лезни сельскохозяйственных животных, М , 1972.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …