Пантокрин (аз муғ. панта — шоҳи ба устухон табдил наёфтаи гавазн ва юн. krino—ҷудо мекунам), ҷавҳари моеи спиртист, ки аз шохҳои (пантҳои) ба устухон табдилнаёфтаи марал, изюбр ва хонгул тайёр мекунанд. Пантокринро дар ҳолатҳои сустии умумии организм, гипотония ва ғайра дар намуди қатра ё маҳлул чун воситаи дармон истифода мебаранд.