Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Омили субъективӣ

Омили субъективӣ

Омили субъективӣ дар т а ъ р и х, фаъолияти субъект — оммаҳо, синфу партияҳо ва ашхоси ҷудогонаро гӯянд, ки дараҷа ва шаклҳои мухталиф (идеологӣ, сиёсӣ, ташкилотчигӣ)-ро дарбар гирифта, мақсади асосии он тағйир ва ривоҷ додан ё маҳфуз доштани шароитҳои объективии ҷамъият мебошад. Кате­горияи Омили субъективӣ бо категорияи омили  объективӣ ё шароитҳои объективӣ алоқаманд аст. Таъсири мутақобили ин ду категория нуқтаи материализми таърихиро дар бораи он, ки эҷодкори таърих одамон, халкҳо, синфҳо мебошанд, ифода менамояд.

Омили субъективӣ доимо дар доираи муносибат ва шароитҳои объективие амал мекунад, ки дар навбати худ дар за­минаи фаъолияти пешинаи одамон сурат гирифтаанд. Шароитҳои объ­ективӣ характер, таркиб ва ҷиҳатҳои инкишофи Омили субъективиро муайян менамоянд. «Инсон дар фаъолияти’ амалии худ дар пеши назараш олами объективиро мебинад, ба он вобаста мебошад ва фаъолияти худро бо он муайян менамояд» (Ленин Владимир Илич Асарҳои, ҷилди 38, саҳифаи 187). Фаъолияти Омили субъективӣ берун аз шароити объективӣ ва қонуниятҳои тараққиёти он ба ҳаёту ҳақидат мухолиф аст. Вале ҳа­маи хосият, шаклу тарафҳои мухталифи Омили субъективиро аз омилҳои объективӣ вобаста донистан хатост, зеро Омили субъективӣ ҳам нисбатан мустақил аст.

Категорияи Омили субъективӣ роҳу тариқи ба шароити объективӣ таъсир расонидани ода- монро инъикос мекунад, қувваҳои ҳаракатдиҳандаи таърих, аҳамияти амалияро дар тағйири воқеият ошкор менамояд, таъсири ҳодисаҳои надстройкавӣ, идеологӣ ва психологиро ба базис муайян мекунад. Ҷиҳатҳои объективӣ ва субъективии просесси таърихӣ дар фаъолияти амалӣ ҳамчун ҷиҳатҳои ба ҳам ало- қаманд ва ба ҳам таъсиркунандаи як ҳодиса зоҳир мегарданд. Афзудани аҳамияти Омили субъективӣ дар таърих муҳимтарин ҷиҳати просесси таърихист. Дар давраи гардишҳои бузурги таърихӣ Омили субъективӣ дар дигаргунсозии муносибатҳои ҷамъиятӣ мақоми ҳалкунанда пайдо мекунанд (албатта агар амалиёти он ба инкишофи шароитҳои объективӣ мувофиқ ояд).

Дар сурати вуҷуд доштани заминаҳои зарурии объективӣ шӯриш, ре­волютсияи аз Омили субъективӣ, алалхусус аз шуурнокӣ ва камолоти сиёсӣ, қатъият ва ирода, ташкилотчигӣ ва лаёқати синфҳо барин ҷиҳати он вобаста аст. Дар таърих давраҳое фаро мерасанд, ки дар ҷамъият барои дигаргуниҳои куллӣ шароити объективӣ фароҳам меоянд, аммо барои воқеӣ гардондани ин имконият қувваи синфҳои прогрессисӣ намерасад. Он гоҳ ҷамъият, чун он ки Ленин фармудааст, пӯсида меравад (Асарҳои, ҷилди 9, саҳифаи 382). Амалиёти синфҳои кӯҳнапарасту иртиҷоӣ ҳам ба тараққиёти ҷамъият монеъ мешаванд.

Дар рафти револютсияи сотсиалистӣ ва баъди ғалабаи он аҳамияти Омили субъективӣ бағоят меафзояд. Ҷамъияти коммунистӣ дар натиҷаи фаъолияти бошуурона ва эҷодии оммаи халқ бо роҳбарии партияи марксистӣ-ленинӣ, ки фаъолияти он қисми мухимтарину таркибии Омили субъективӣ мебошад, ба вуҷуд омада, инкишоф меёбад.

«Коммунизм аз ҳамаи ҳаракатҳои пешина бо он фарқ ме­кунад, ки дар худи асоси ҳамаи муносибатҳои пешинаи истеҳсолӣ ва муомилот табаддулот ба амал меова- рад ва аввалин бор ҳамаи заминаҳои ба таври стихиявӣ пайдошударо чун бунёди наслҳои гузашта медонад, ин заминаҳоро аз стихиявият маҳрум намуда, онҳоро ба ҳокимияти фардҳои муттаҳидшуда тобеъ мекунад» (Маркс Карл и Энгельс Фридрих, Сочинения, 2 издание, том 3, саҳифаи 70—71).

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …