Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Округи Автономии Хантию Ман­сиҳо

Округи Автономии Хантию Ман­сиҳо

Округи Автономии Хантию Ман­сиҳо, дар ҳайати вилояти Тюмени РСФСР. 10 декабри 1930 ташкил шуда­аст (то 23. 10. 1940 Округи миллии Остяко-Вогулск, то 1977 Округи миллии Хантию Манси). Дар қисми маркаэзии ҳамвории Сибири Ғарбӣ воқеъ аст. Масоҳат 523,1 ҳазор километр3. Аҳолиаш 569 ҳазор нафар (1979). Марказаш шаҳри Ханти-Мансийск. Ба 7 район тақсим туда,-5 шаҳр ва 18 посёлкаи типи шаҳр дорад.

Табиат. Дар территорияи Округ пастхамиҳо (Оби Миёна, Кондин ва ғайра) ва баландихо (Увалҳои Сибир, баландиаш то 285, Сосваи Шимолӣ, баландиаш то 301 метр, Қитъаи Белогорск, баландиаш то 231 метр); дар интиҳои Ғарб минтақаи камбари нишебиҳои шарқии Урали Шимолӣ ва Назди Қутбӣ воқеъ аст.

Иқлимаш континентй, зимистонаш қахратуни дароз (ҳарорати миёнаи январ аз 20 то 22°Селсия), тобистонаш кӯтоҳ вале гарм (ҳарорати миёнаи июл 16—18° Селсия). Боришоти солона 400—500 милиметр. Давраи нашви растанӣ 115—125 шаборӯз аст. Дарёи асосй —Об (дарозиаш дар ҳу­дуди Округ 1218 километр) ва шохобҳои он: аз чап —Югани Калон, Салими Калон, Иртыш (бо шохобаш Конда), Сосваи Шимолӣ; аз рост — Вах, Аган, Пим ва ғайра. Зиёда аз 1500 кӯл дорад. Кӯлҳои асосӣ: Турсунтск ва Леушинск, Вандмтор, Унтор ва ғайра. Хокаш асосан торфию ботлоқӣ ва хокистарранг. Дар соҳилҳои дарёю кӯлҳо аллювиалӣ.

Зиёда аз 1/3  қисми территория ҷангалзор. Бешаи дарахтони сӯзанбарг (коҷ, санавбар, ҷалгӯза ва ғайра) бартарӣ дорад. Дар Шимоли Ақсо тайга бо тундраи сиракбеша бадал мешавад. Олами ҳайвовоташ бой ва гуногун (санҷоб, самур, хази сибири, рӯбох, харгӯш, савсор’, қоқум ва ғайра) мебошад. Ондатра ва шағораи америкоӣ ба шароити он ҷо одат кунонида шудааст. Тақрибан 200 намуди парранда ҳаст, ки аз онҳо мурғи чипор, титав, тазарв, кабки сафред, мурғони обӣ аҳамияти калоо­ни шикорӣ доранд. Дарё ва кӯлҳояш аз моҳӣ боянд. Дар мамнӯъгоҳи Конда-Сосва қундуз ва самур пар­вариш карда мешаванд.

Аҳолӣ. дар Округ хантиҳо, мансиҳо, русҳо, тоторҳо, украинҳо зиндагӣ мекунанд. Зичии миёнаи аҳолӣ дар 1 километр3 0,8 кас. Водиҳои Об ва Ир­тыш сераҳолианд. Шаҳрҳо: Сургут, Нижневартовск, Нефтеюганск, Хан­ти-Мансийск, Урай.

Маълумоти таърихӣ. Хантиҳо ва мансихо ҳамчунун умумияти этникӣ аз охири ҳазораи 1 то милод то ҳазораи 1 милод ба вуҷуд омадаанд. Дар сарчаш- маҳои хаттии асри 11 хантихо бо номи«югриҳо» (аз асри 14 хантихо ҳамчун «остякҳо» ва мансиҳо «вогулҳо») ёдовар шудаанд. Дар нимаи дуюми асри 12 Замини Югор, ки қисми зиёди хантиҳо ва мансихо дар ин сарза­мин зиндагӣ мекарданд, волости За­мини Новгород шуд. Новгород соли 1478 ба давлати Москва ҳамроҳ гар­дид.

Баъд аз хони Сибир — Кучумро мағлуб кардани Ермак (1582) як қисми хантиҳо ва мансиҳои Назди Иртыш ихтиёран ба таҳти ҳимояи подшоҳии Москва гузаштанд. Аҳо­лии маҳаллӣ ҳаёти кӯчманчигӣ ба cap бурда бо моҳидорӣ, шикору гавазнпарварӣ машғул будданд. Тараққиёти муносибатҳои ка­питалистӣ дар нимаи дуюми асри 19 ибтидои асри 20, қисман аз хоҷагии қафомондаи натуралии падаршоҳӣ гузаштани хантию мансиҳо ба муносибатҳои молию пулӣ ба парокандашавии сохти ҷамоаи ибтидоӣ мусоидат карда, вале мардумро хонахароб ва қашқ намуд.

Баъди Револютсияи Ок­тябри 1917 ҳокимиятро (1918) гвардиячиёни сафед соҳиб шуданд, ки онҳо дар миёнаи соли 1921 пурра торумор гардиданд. Бо барқарор шудани Ҳокпмияти Советӣ зулми миллӣ барҳам дода шуд, баробарҳуқуқии сиёсии хантию мансиҳо бо дигар халқҳо таъмин гардид. Соли 1923 дар территорияи вилояти Урал округи маъмурии Тоболск ташкил шуд, ки ба он районҳои хантӣ ва мансинишини Кондинское, Самаровское, Сургут, Берёзовок, Обдорск дохил шуданд. Бо қарори Президиуми КИМ Умумироссия аз 10 декабри 1930 округи миллии Остяко-Вогулск (аз 1940 округи миллии Хантию Ман­сӣ) таъсис гардид (аз соли 1977 округи автономӣ).

Дар инкишофи Округ Коми­тети шимолии назди Президиуми КИМ Умумироссия роли калон бозид. Сохтмонн посёлкаҳо вусъат ёфт. Халқ ба ҳаёти муқимӣ гузашт. Дар баробари тараққӣ кардани соҳаҳои анъанавӣ (гавазнпарварӣ, шикору моҳигирӣ) соҳаҳои чорводорию зироаткорӣ ва парвариши ҳайвоноти муинадор ба вуҷуд омад. Дар натиҷаи индустрикунонӣ, коллективонии хоҷагии қишлоқ ва револютсияи  маданӣ дар Округ қафомонии иқтисодӣ ва маданӣ барҳам до­да шуд.

Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ хантиҳо ва мансиҳо дар сафҳои Армияи Советӣ бар зидди фашистони истилогар ҷангиданд. Ба 9 нафари онҳо унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ дода шуд. Баъди дар территорияи Округ кафш шудани захираи га­зу нефт (1960) дар иқтисодиёти он дигаргунии куллӣ ба вуҷуд омад. Округ бо ордени Ленин (1970) ва орде­ни Дӯстии Халқҳо (1972) мукофотонида шудааст.

Хоҷагӣ. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: саноати нефту газ, ҷангал, моҳӣ, электроэнергетика, шикор ва парвариши ҳайвоноти мӯинадор. Нефт асосан аз конҳои Самотлор, Уст- Балиқ, Мамонтовское ва ғайра истихроҷ мешавад. ГРЭС-и Сургут бо газ кор мекунад. Округ калонтарин дар Сибири Ғарбӣ комбинати чубу тахтаи Кондинское, 3 комбинати моҳӣ, 3 заводи моҳӣ, 2 комбинати хонасозӣ, истеҳсоли конструксияҳои оҳану бетон ва хишт дорад; он макони бои истеҳсол ва фурӯши мӯина аст. Гавазнпарварӣ — соҳаи муҳими хоҷагии қишлоқ Округ соли 1978 12 колхо­зу 19 совхоз дошт. Соли 1978 дар хоҷагиҳои Округ 54 ҳазор гавазни шимолӣ, 50 ҳазор cap гов, 22 ҳазор хук, 3 ҳазор гӯсфанд буд. Аз соли 1933 стан- сияи- таҷрибавии хоҷагии қишлоқи Хантию-Мансӣ кор карда истодааст.

Дарозии умумии роҳҳои обӣ 8100 километр (1974). Дарёҳои Об, Иртыш ва шохобҳои калони онҳо киштигарданд. Аз солҳои 60 сохтмони роҳи оҳан cap шуд. Бароӣ аз худ кардани конҳои гази Заполярия ва майдонҳои васеи ҷангал роҳи оҳани Сургут-Урентой сохта шу­дааст. Дар аксари шаҳр ва пунктҳои аҳолинишин аэропорт ҳаст.

Сохтмонн маданӣ. Соли таҳсили 1978—79 дар мактабҳои маълумоти умумӣ 96,3 ҳазор дар мактабҳои миё­наи махсус 3 ҳазор талаба мехонд; 285 муассисаи томактабӣ, 189 китобхонаи оммавӣ, музеи кишваршиносӣ, хонаи эҷодиёти халқ, 231 клуб, 20 мактаби мусиқии бачагона, 268 дастгоҳи филмнамоишдиҳӣ ва ғайра буд. Соли 1979 Округ 1472 духтур, 5235 коркунони миё­наи тиббӣ ва дар беморхонаҳо 6385 кат дошт.

Газетадои округи: «Ленин павт ху- ват» («Бо роди Ленин», аз с. 1957, ба забони ханти) ва «Ленинская правда» (аз 1931) нашр мешаванд. Ду программаи радиои Умумиитти- фоқ шунавонида шуда ба воситаи системам телевизионии «Восток», «Орбита» ва «Экран» яамоишдои те- левпзиони Маркази нишон дода ме­шаванд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …