Маълумоти охирин

Оиннома

«Оиннома»,  яке аз осори адабиёти паҳлавӣ (ба забони форсии миёна), ки тақрибан дар асрҳои 6—7 таълиф шудааст. Муаллифаш маълум нест. Асли паҳлавии ин асар маҳфуз намондааст. Мувофиқи гуфтаи таърихнависони исломӣ (Табарӣ, Масъудӣ, Саолибӣ ва дигар) Оинномаро Ибни Муқаффаъ дар баробари дигар асарҳои паҳлавӣ ба забони арабӣ тарҷума карда будааст, ки он боқӣ намондааст.

Аз вуҷуди ин асар ҳамон таърихнависони араб шаҳодат медиҳанд, ки баъзеашон аз он иқтибоси мухтасаре овардаанд ва ё мазмуну матлабҳои дарбар доштаашро баён кардаанд. Аа ҷиҳати мазмун «Оиннома» ба пандномаҳое, ки вазирон (Пандномаи Буаургмеҳр»)у руҳониёни зардуштия, мубадони сосонӣ ва дигар ба ҳукмронон мебахшиданд, қаробат дорад.

Дар шакли панду андарз «Оиннома» қонуну қавоиди давлатдорӣ ва ҳукумрониро, ки ба шоҳ ва атрофиёни ӯ дахл дошт, дарбар гирифтааст. Муҳимтарин масъалаҳои «Оиннома» қоидаҳои ҷанг, муносибати байни табақаҳои ҷамъиятӣ, урфу одат, қоидаҳои одобу ахлоқи ҷамъиятӣ, қонунҳои ҳуқуқ, омӯзиши илмҳои гуногун ва ғайра буданд.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …