МАЗУТ, маҳсулоти моеъ, ки баъди аз нефт ҷудо кардани бензин, лигроин, карасин ва фракцияҳои сӯзишвории дизелӣ мемонад; зичиаш 870— 1000 кг/м3 (20°С); гармии сӯзишаш 9100—10000 к ка л/кг; 0,8—3,5% сулфур, 60% зифт, 0,1—0,5% хокистар дорад.
Мазутро дар истеҳсоли рағанҳои молиданӣ, битум, кокс ва чун сӯзншворӣ дар дегҳои буғӣ, печҳои гуногуни саноатӣ, турбинаҳои газн ва ғ. истифода мебаранд. Қисми зиёди Мазут бо роҳи крекинг ба сӯзишвориц сабуки моторӣ табдил дода мешавад.