Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри ХУҶАНД

Шаҳри ХУҶАНД

ХУҶАНД (аз 19 янв. 1936 то 13 янв. 1957 p-ни Ленинобод), шаҳри маъмурист дар ҳайати вил. Хуҷанди Тоҷикистон. Масоҳ. 2651,7 км2. Аҳолиаш 179 ҳаз. наф. (1985), асосан тоҷикон. Район 11 С. қ. дорад: Ёва, Исмоил Ҳамзаалиев, Исфисор, Овчиқалъача, Пахтакор, Унҷӣ, Ғозиён, Қатаған, Қистакӯз, Ўткансой ва Ҳайдар Усмонов. Маркази район — ш. Ғафуров.

xujand

Релефи район аз кӯҳу теппа, ҳамворӣ иборат аст. Дар шимол к-ҳои Қаромазор (баландиашон то 2600 м) ва к-ҳои Муғул (то 1624 м, к. Музбек), дар ҷануби район қисми ғарбии водии Фарғона (баландиаш 350 —600 м) воқеъ гаштаанд. Дар к-ҳои Қаромазор ва Муғул конҳои маъдани оҳан (Чорқадамбулоқ), маъдани полиметаллӣ (Конимансур, Консой, Чуқурҷилға ва ғ.), волфрам (Чоруқдаррон), инчунин висмут, кварс ва чанд кони масолеҳи бинокорӣ (оҳаксанг, регу шағал) ёфт шудаанд.

Иқлим континентист. Ҳарор. миёнаи июл 20—28°С, янв. аз 0° то —5°-С. Боришоти солона дар водӣ 150—200 мм, дар кӯҳҳо то 350 мм. Аз ҳудуди Хуҷанд Канали Калонн Фар­ғона мегузарад; қисми шим. ғарбии обанбори Қайроққум дохил мешавад. Барои обёрии зампндо ст-ҳои насоси, канал» Хоҷабоқирғон ва г. сохта шудаанд. Хокн води хокис- тарранги равшан, хоки адиру куд- ҳо хокистаранги муқаррарӣ, хокис- тарранги тира ва ҷнгарранги рав­шан, хоки дарьёбода Сир аллкхвиа- лист. Аз сабаби хушк буданп иқлимаш райони Xуҷанд хеле камнаботот аст. Дар ҳамворӣ ва теппаю адирҳо растаниҳои биёбонию иимбиёбонӣ дар нишебии кӯҳҳо растаннҳои даш тӣ мерўянд. Ҷо-ҷо дар дарёбоди Сир туғайзор боқист.

Дар иқтисодиёти район х. қ, мавқеи асосӣ дорад. Махсусан пахтакорӣ, боғдорӣ, чорводорию парран дапарварӣ ва кирмакдорӣ ривоҷ ёфтааст. Дар район  9 колхоз, 8 с-з, 4 иттиҳодия ҳаст. Дар ҳудуди район инчунин филиали Иниститути тадқиқоти илмии минтақавии току боғдории ба номн И. В. Мичурин, Лабораторияи агрохимиявӣ, Ст. хокшиносию ме лиоративӣ ва ғ. воқеъ гаштаанд. Заминҳои х. қ. 248215 га (заминҳои обӣ 31210 га): аз ҳдамин ҳисоб замини пахта 13589 га, ғалла 2499 га, бо­ғот 7249 га, токзор 3613 га. Саршумори чорво дар тамоми хоҷагиҳои ҷамъиятӣ (1985, ба ҳисоби cap): гов 14713 (аз ҷумла ҷӯшоӣ 4500), бузу гӯсфанд 131000, хук 2400, парранда 563 944

Корхонаҳои саноатии район: заводҳои оҳану бетон, пахта, консерв, комбинатҳои гӯшт, хизмати маишӣ ва ғ. Дар район инчунии Иттиҳодияи районии «Сельхозтехника», матбаа, шуъбаҳои алоқа ва 22 ташкилоти бинокорӣ ҳаст. Соли таҳсили 1985/86 район 47 мактаби миёна, 17 мактаби 8-сола, 2 мактаб-ннтернат, мактаби мусиқӣ, 3 мактаби шабонаи коргарҷавонони деҳот ва омўзишгоҳҳои касбҳои техникӣ дошт. 35 клуб, 2 қасри маданият, 35 кинотеатр, 50 китобхона, 6 хонаи пионерон, 7 касалхона, 6 амбулатория, 45 пункти тиббӣ, 13 дорухона кор мекунанд.

hujand

Газетаи районии «Бо роҳи ленинӣ» аз 1933 ни ҷоииб нашр мешавад.

  1. Очилов, А. Иброҳимов.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …