ҚАМАРДИНОВ Хушқадам Қурбонович (тав. 26. 5. 1933, p-ни Ишкошими ВАБК), инфекционисти советӣ, доктори илмҳои тиб (1985), проф. (1986). Аълочии нигаҳории тандурустии СССР (1968). Аз оилаи колхозчӣ. С. 1956 фак-ти муолиҷавии Ин-ти тиббии Тоҷикистонро хатм кард.
Сардухтур, сипас ҷонишини сардухтури беморхонаи р-ни Ишкошим (1958—60). С-ҳои 1964—78 ассистент, 1976—80 доцент ва аз 1960 мудири кафедраи бемориҳои сироятии Ин-ти тиббии Тоҷикистон. Қ. муаллифи бештар аз 70 асару мақолаҳои илмист, ки ба масъалаи паразитология, инчунин паҳншавӣ, ҷараён ва роҳҳои муолиҷаи бемориҳои сироятӣ оиданд. Қ. паҳншавӣ ва усули муолиҷаи фасциолёз (яке аз намудҳои киҷҷаи ҷигар) -ро муфассал тадқиқ кард. Раиси Ҷамъияти илмии инфекцнонистони РОС Тоҷ. (аз 1961) ва Саринфекционнсти Вазорати нигаҳдории тандурустии республика (аз 1965). Бо медали «Ветерани меҳнат» сарфароз гардидааст.
Ас.: Клиника, диагностика, лечение и профилактика «расциолёза у детей, Д., 1077; Клинико-эпидемиологическая характеристика фасциолёза, Д., 1983; Фас-| циолёз человека, «Паразитология и паразитарные болезни», М 5, М., 1985.
А. Тошев.