Маълумоти охирин
Главная / Биология / ҚАБЗИЯТ

ҚАБЗИЯТ

kabz

ҚАБЗИЯТ (аз ар. — гирифтан, гирифт кардан), сахт шудани меъда, муддати дароз (зиёда аз 2 шаборӯз) хориҷ нашудани наҷосат, ё бо душворӣ қазои ҳоҷат карданро гуянд. Қ. атоникӣ (мустахрӣ) ва ташануҷӣ мешавад, ки ба онҳо Қ.-и неврогени, рефлексӣ, гипокинезӣ (аз камҳаракатӣ), алиментарӣ (ғизоӣ) ва механикӣ мансубанд, ҳангоми бемориҳои системаи марказии асаб ва ихтилоли рефлексҳои шартӣ Қ.-и неврогенӣ ва дар мавриди бемориҳои рудаи рост ва суст шудани фаъолияти гипофиз, ғадудҳои сипаршакл, тухмдон Қ.-и рефлексӣ руй медиҳад. Қ.-и гипокинезӣ аз камҳаракатӣ ва Қ.-и алиментарӣ дар натиҷаи муддати дароз истеъмол кардани хурокҳои камиасҷ (клетчаткааш кам), кам истеъмол намудани моеот ва заҳролудӣ (аз сурб, симоб, никотин, морфия, атропин, доруҳои таскинбахш ва ғ.) cap мезанад. Қ.-и механикӣ зимни тангшавии руда, модарзод дароз будани рудаи ғафс, бемориҳои илтиҳобӣ ва дивертикулӣ (барҷасташавии) руда пайдо мешавад. Ҳангоми Қ. шикам дам карда, халамонанд дард мекунад; бемор беиштиҳо шуда, оруқ мезанад, зоиқааш суст мешавад. Муолиҷа: истеъмоли хурокҳои сернасҷ (мева, сабзавот ва ғ.), қанд, асал, шарбати мева, ҷурғот, оби минералӣ, доруҳои мусҳил (бо тавсияи духтур). Ҳангоми Қ. масҳи шикам тавсия мешавад.

  1. М. Вобохоҷаев.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …