Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ЮНКЕР Генрих Франц Йозеф

ЮНКЕР Генрих Франц Йозеф

ЮНКЕР (Junker) Генрих Франц Йозеф (1889—1970), эроншиноси немис. Солҳои дароз директори Ин-ти Осиёи Пеши назди Ун-ти ба номи Гумболдта Берлин (пойтахти РДГ) буд. Ходими Хизматнишондодаи Илми РДГ. Дар омӯзиш ва нашри осори забону адабиёти форсии миёна саҳм гузоштааст (мас., нашри «Фарҳанги паҳлавӣ», 1912). Яке аз муҳаққиқони забони яғнобист. С. 1914 ҳамроҳи олими франсавӣ Р. Готьо ба дараи Яғноб сафар карда, материали фаровони этнографӣ ва забонӣ ҷамъ овард (нашри як қисми онҳо с. 1930 сурат гирифт). Ҳамроҳи Бузурги Алавӣ «Луғати форсӣ-немисӣ» тартиб додааст (нашри 1, Лейпциг, 1965).

А. Храмов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …