ХАТИ МОНАВӢ, хатест, аз он барои сабти осори Монӣ ва пайравони ӯ истифода бурданд. Дар асоси шохаи палмирии хати оромӣ ба вуҷуд омада, 22 ҳарфи асосӣ ва 7-то иловагиро дар бар мегирифт. Орфографияи хати монавӣ табиатан фонетикӣ буд, яъне калимаҳо мувофиқи талаффузашон навишта мешуданд. Ҳузворишҳо вуҷуд надоштанд. Барои мутобиқ кардани алифбои оромӣ ба забонҳои эронӣ (форсии миёна, портӣ, суғдӣ), ки монавиён барои навиштани осори худ аз он истифода бурдаанд, якчанд аломатҳои нав барои ҳамсадоҳо ва садонокҳои дароз (садонокҳои кӯтоҳ дар хат сабт намеёфтанд) ихтироъ карда шуданд.
Котибони монавӣ як қисми калимаро аз сатр ба сатр намегузарониданд. Онҳо барои дар як сатр ҷой додан калимаҳоро дароз ё кӯтоҳ мекарданд. Осори хати монавӣ дар Миср, Туркистони Шарқӣ ва ғайра пайдо гардидаанд. Бузургтарин осори хати монавӣ («Кефалая», «Шопургон» ва ғайра) мебошанд, ки порчаҳои парокандаи онҳо ба забонҳои суғдӣ ва портӣ то замони мо расидааст. Осори ғайридинии ба хати монавӣ навишташуда, ки аз он се порчаи мутааллиқ ба асри 10 расидааст, абёте аз достони «Будосаф ва Булуҳар» мебошанд.
Адабиёт: Основы иранского языкознания среднеиранскйе языки, Москва, 1981.
А. Хромов.
Tags хат
Инчунин кобед
САХАРИМЕТРИЯ
САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …