ФОСФОР (лотинӣ рhosporus), Р, элементи химиявии гурӯҳи V системаи даврии Менделеев, рақами атоми 15, массаи атомӣ 30,97376. Номаш аз юнонӣ рhosphoros — нурбароранда. Чанд навъ аст: Фосфори сафед (зичиаш 1,83 г/см3, t гудозиш 44,1°С), фосфори сурх (зичиаш 2,3 г/см3, t гуд. 590°С) ва ғайра. Ф.-и с а ф е д худ аа худ дармегирад, дар торикӣ рӯшноӣ медиҳад. Заҳрнок аст.
Фосфори сурх аз ҷиҳати химиявӣ нисбатан камфаъол, заҳрнок аст. Фосфорро аз апатитҳо ва фосфоритҳо ҳосил мекунанд. Фосфорро дар хоҷагии қишлоқ (нурҳои фосфордор), инчунин дар металлургия ва истеҳсоли моддаҳои органикӣ ва ғайра истифода мебаранд. Фосфор элементи ҳаётан муҳим буда, дар тамоми организмҳои зинда мавҷуд аст. Талаботи шаборӯзии одам ба Фосфор 1—1,2 г (дар кӯдакон зиёдтар) мебошад. Гӯшт, тухм, панир, нахӯд, лӯбиё ва ғайра бештар фосфор доранд. Организми одам ҳангоми норасоии фосфор ба остеопороз ва дигар бемориҳои устухон гирифтор мешавад.