Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ФОНДИ ЗАМИН дар Тоҷикистон

ФОНДИ ЗАМИН дар Тоҷикистон

ФОНДИ ЗАМИН дар Тоҷикистон, тамоми заминҳои территорияи Тоҷикистон, ки баъди Револютсияи Октябр миллӣ кунонида шудааст. Он дар асоси тартиби муайяни ҳӯқӯқӣ ва принсипҳои ягонае, ки муносибатҳои оид ба заминро дар республика танзим мекунанд, моликияти давлатӣ дониста мешавад. Годекси РСС Тоҷикистон оид ба замин тамоми заминҳои республикаро фонди ягонаи замин медонад ва таъкид мекунад, ки ба мақсади гуногуни хоҷагӣ истифода шуданаш мумкин аст.

village-2
То Револютсияи Октябр дар Тоҷикистон ба беҳтарин заминҳо амир, бой, амалдор ва рӯҳониён соҳиб буданд. Қариб тамоми чорво ва захираҳои обӣ низ дар дасти онҳо буд. Деҳқонони меҳнаткаш аз безаминӣ ё камзаминӣ азият мекашиданд. Набудани ҳайвони корӣ деҳқононро аз имконияти коркарди замин маҳрум карда, онҳоро маҷбур мекард, ки бо шартҳои гарон дар заминҳои боён кор кунанд.
Декрети ленинӣ — «Декрети замин» ибтидои ба амал овардани навсозиҳои аграрӣ дар Тоҷикистон буд. Дар ин асос ҳуқуқи моликияти хусусии помешикон будани замин бекор карда шуд. Соли 1925 дар РАСС Тоҷикистон қариб 150 ҳазор хочагии деҳқонӣ буд. Ҳар як хоҷагӣ аз 0,9 десятина (дар Помир) то 4,3 десятина (дар волости Қӯрғонтеппа) замин дошт. Дар волости Ҳисор 10,38%, дар Кӯлоб 12,38%, дар Қӯрғонтеппа 22,49% ва дар Ғарм 35% хоҷагиҳо тамоман замин надоштанд. Бенавоён аз набудани чорвои корӣ, олоти хоҷагӣ ва ғайра низ танқисӣ мекашиданд. Дар натиҷаи ба амал баровардани азнавсозиҳои аграрӣ 2740 хоҷагии камбағал ва баъракҳо зиёда аз 5600 десятина замин гирифтанд. Алҳол майдони умумии заминҳои РСС Тоҷикистон 14,3 млн га, майдони заминҳои хоҷагии қишлоқ бошад (то 1 нояби 1985), 4374,3 ҳазор га, аз ҷумла заминҳои хоҷагии қишлоқ, ки хоҷагиҳо ва корхонаҳои он истифода мебаранд, 9534,3 ҳазор га-ро ташкил медиҳанд.
Р. Д. Ҷабборов.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …