ФИЗИКАИ СТАТИСТӢ, механикаи статисти, як фасли физика буда, хосиятҳон ҷисмҳои макроскопиро ба сифати системаҳое тадқиқ мекунад, ки аз адади калони зарраҳои якхела, молекулаҳо, атомҳо, электронҳо иборатанд. Аз ин ҷиҳат онро назарияи млкроскопӣ ҳам меноманд. Физикаи статистӣ услубҳои статистии таҳқиқотро истифода мебарад, ки ба назарияи эҳтимолиятҳо такя мекунанд. Физикаи статистӣ ба термодинамикаи статиатй ва термодинамикаи статистии ғайримувозини ҷудо мешавад. Аввалӣ системаҳоеро тадқиқ мекунад, ки дар ҳолати мувозинати отатистианд, дар ҳоле ки охирӣ просессҳои ғайримувозинро меомӯэад. Физикаи статистие, ки ба мафҳуму қонунҳои механикаи квантӣ асос ёфтааст, статлстикаи квантӣ ном дорад. Агар дар ягон лаҳзаи вақт координатаҳо ва суръатҳои ҳамаи зарраҳои ҷисми тадқиқшаванда, инчунин қонунҳои таъсири мутақобили онҳо маълум мебуданд, он гоҳ муодилаҳои механикаро барои ҳар як зарра алоҳида алоҳида ҳал карда, координатаҳо ва суръатҳои матлубро барои ҳама гуна лаҳзаи баъдинаи вақт ёфтан ва ба ҳамин тариқ ҳолати ҷисми мазкурро пурра муайян намудан мумкин мегашт. Вале дар асл ин амал имкон надорад, чунки адади зарраҳои ҷисмҳои макроскопӣ аз ҳад зиёд аст. Координата ва суръати ин қадар зарраро муайян кардан ва низ ҳалли ин қадар муодилаҳоро ёфтан амри муҳол аст. Аммо бисёр будани адади зарраҳо боиси пайдо шудани қонуниятҳои нав — статистй мегардад. Конуниятҳон статистии рафтори зарраҳо бошаид, дар бис ёр мавридҳо ба шартҳои аввала (қимати аниқи координатаҳо ва суръатҳои аввалаи зарраҳо) вобаста нестаяд. Физикаи статистӣ айнан ба чустунӯ ва тасвири назарии ҳамин гуна қонуниятҳои физикӣ машғул аст.
Вазифаи асосии Физикаи статистӣ аз ҳисоб кардани бузургиҳои мақроскопии мушоҳидашавандае иборат аст, ки системаи мазкурро аз назари қонунҳои ҳаракат ва таъсири мутақобили зарраҳои таркибии он тасвир мекунанд; ҳангоми омӯхтани мувозинати статистӣ потенсиалҳои термодинамикӣ (энергияи озод, фишор ва ғайра) вобаста ба ҳарорат ва дигар параметрҳо ҳисоб карда мешаванд. Дар мавриди омӯхтани ҳолатҳои ғайримувозинат бошад, муодилаҳоеро ҳосил кардан бояд, ки просессҳои ғаиримувозинро тасвир мекуналд.
Дар ташаккул ва тараққии мафҳумҳои асосии Физикаи статистӣ, кашфу асоснок кардани қонунҳо ва принсипҳои он хизмати Ҷ. Максвелл, Р. Клаузиус, Л. Болсмап, Ҷ. Гиббс, М. Омолухосвский, А. Эйнштейн, Ш. Бозе, Э. Ферми, П. А. М. Дирак ва И. Пригожин калон аст. Аз ҷумлаи физикони советӣ хусусан Н. Н. Боголюбов ва мактаби ӯ саҳми калон доранд. Дар Тоҷикистон масъалаҳои ҷудогонаи Физикаи статистӣ дар асарҳои С. У. Умаров ваА. А. Адҳамов дадқиқ шудаанд.
Физикаи статистӣ бунёди назария физикаи газҳо, моеъҳо ва ҷисмҳои сахт буда, доираи васеи татбиқу истифода дорад.
Б. Содиқов.