Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ФИЛАТОВ Владимир Петрович

ФИЛАТОВ Владимир Петрович

filatov-vp

ФИЛАТОВ Владимир Петрович (27.2. 1875, деҳаи Михайловка, ҳозира вилояти Пенза—30. 10. 1956, Одесса), офталмолог ва ҷарроҳи советӣ, академики Академияи фанҳои СССР (1944) ва Академияи фанҳои РССУ (1939), Қаҳрамони Меҳнати Социалистӣ (1950). Аз соли 1911 професор ва мудири кафедраи бемориҳои чашми Университети Новороссийск (Одесса).
Асарҳои Филатов доир ба масъалаҳои трансплаптасияи қаршғяи чашм аҳамияи умумиҷаҳони доранд. Соли 1933 усули нави муолиҷа—тералияи бофтавӣ (насҷӣ) – ро кашф намуд ва дар асоси он таълимоти ангезаҳои биогениро ба вуҷуд овард. Лауреати Мукофоти давлатии СССР (1941).

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …