Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ФЕОКТИСТОВ Константин Петрович

ФЕОКТИСТОВ Константин Петрович

kos-feoktistov-rz

ФЕОКТИСТОВ Константин Петрович (таваллуд 7. 2. 1926, Воронеж), лётчик-кайҳоннаварди СССР. Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ (19. 10.
1964), доктори илмҳои техникӣ (1967), профессор (1969). Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941— 45). Баъди хатми Омӯзишгоҳи олии техникии ба номи Н. Э . Бауман(1949) дар муассисаҳои гуногуни тадқиқоти илмӣ кор кардааст. 12—13 октябри 1964 якҷоя бо В. М. Комаров ва Б. Б. Егоров дар киштии кайҳонии бисёрҷояи «Восход» ба кайҳон парвоз кард. Дар давоми як шаборӯзи парвоз атрофи Заминро 16 маротиба давр зад. Аъзо-коррспонденти Академияи байналхалқии астронавтика, Қаҳрамони Меҳнати Республикаи Сосиалистии Ветнам мебошад. Лауреати Мукофоти ленинӣ ва Мукофоти давлатии СССР. Бо ордени Ленин ва дигар ордену медалҳо мукофотонида шудааст. Ба яке аз танӯраҳои тарафи нонамоёни Моҳ номи Феоктистов гузошта шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …