Маълумоти охирин
Главная / Илм / ФАЛСАФАИ ТАҲЛИЛӢ

ФАЛСАФАИ ТАҲЛИЛӢ

ФАЛСАФАИ ТАҲЛИЛӢ, як равияи фалсафаи муосири буржуазӣ, махсусан фалсафаи англисию америкоист; таҳлили воситаҳои забонию мафҳумии маърифатиро вазифаи фалсафа медонад; як навъи неопозитивизм. Равияҳои асоснаш: 1) фалсафаи таҳлили мантиқӣ, ки истилоҳҳои мантиқи математикии муосирро ҳамчун воситаи таҳлил истифода мебарад. Ба он импиризми мантиқӣ (Р. Карнап, К. Гемпел, Ф. Франк) ва прагматизми мантиқӣ (У. Куайн, Н. Гудмеп) дохил мешаванд; 2) Фалсафаи лингвистӣ, ки моҳияти ҷаҳонбинии фалсафиро аз байн бурда, онро бо тадқиқоти мантиқӣ ё забоншиносӣ иваз карданӣ мешавад.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …