УМУМИЯТИ ЭТНИКӢ, этнос, гурӯҳи таърихан ташаккулёфта ва устуворгаштаи одамон — қабила, халқият, миллат. Истилоҳи умумияти этникӣ аз ҷиҳати таърихӣ ба мафҳуми «халқ» наздик аст. Баъзан якчанд халқро бо истилоқи умумияти этникӣ (гурӯҳҳои этникию лингвистӣ, масалан, русҳо, украинҳо, полякҳо ва дигар— умумияти этникии славянҳо) ифода мекунанд. Умумияти этникӣ дар ҷараёни омезиш бо гурӯҳқои дигари этникӣ тағйир меёбад. Масалан, дар ташаккули тоҷикон чун умумияти этникӣ баробари алоқаҳои иқтисодӣ забони дарӣ (асри 6) мавқеи хос дорад. Дар ин асос дигар нишонаҳои зарури он пайдо шудаанд. Забони дари воситаи муҳимми дар як умумияти этникй муттаҳид шудани халқҳои бохтару тоҳириҳо (ҷануби Тоҷикистон, Узбекистон, шимоли Афғонистон, Эрони Шарқӣ, Хуросон), сурдиён (водии Зарафшон, ҳамвории Қашқадарё ва Устрӯшана), фарғонагиҳо ва қабилаҳои сакҳо (вилояти Фарғона ва ноҳияҳои тирду атрофи он, Помир ва гирду атрофи он) буд, ки минбаъд номи халқи тоҷикро гирифтааст.
С. Сафаров.
Инчунин кобед
САҒОНА
САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …