Маълумоти охирин
Главная / Илм / ЭТИКА

ЭТИКА

etika

ЭТИКА (юн. ethika, аз etos — расм, хулқ, хислат), хулқшиносӣ, як фанни фалсафиро гуянд, ки масъалаҳои ахлоқро меомузад. Истилоҳи Э.-ро бори аввал Арасту (дар асарҳояш «Этикаи Никомаха», «Этикаи бузург» ва ғ.) истифода бурда буд. Равоқиён фалсафаро ба мантиқ, физика ва Э. тақсим карда, охириро илм оид ба табиати инсон номиданд, ки бо антропология баробар аст. Дар таълимоти файласуфони давраи атиқа Э. бо фалсафа ва ҳуқуқ омехта буд. Дар ақидаҳои фалсафии мутафаккирони асрҳои миёнаи Шарқ Э. ҷузъи таркибии фалсафаи амалӣ ба шумор мерафт. Э. аз илми муошират иборат буда, бо номи таҳзиби ахлоқ маълум аст. «Этика»-и Б. Спиноза таълимот дар бораи ҷавҳар ва модусҳои он мебошад. Э. дар системаи И. Кант илм дар бораи боистан аст, ки ғояи Э.-и мухтор (ба принципҳои ахлоқии ботинӣ асосёфта)- ба Э.-и гетерономӣ (шарт, манфиату мақсадҳои ба принципҳои ахлоқ, бегона) муқобил мегузошт.

Э.-и марксистӣ муқобилгузории Э.-и «сирф назариявӣ» ва «амалӣ»-ро рад мекунад. Он мустақилияти нисбии ахлоқро ҳамчун як шакли шуури ҷамъиятӣ асоснок карда, ба шароити таърихӣ ва ҳаёти иҷтимоӣ вобаста будани талаботу нормаҳои ахлоқӣ, пайдоишу инкишоф ва амали онҳоро ба қайд мегирад. Ниг. низ Ахлоқ.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …