ЭСТАФЕТАИ КОРГАРӢ, шакли нави самарабахши мусобиқаи социалистист. С. 1971 дар Тоҷикистон бо ташаббуси бинокорони Станцияи электрикии обии Норок ба вуҷуд омад. Бинокорони ГЭС уҳдадор шуданд, ки агрегати якумро як сол пеш аз муҳлат (с. 1972) ба истифода диҳанд. Иҷрои ин уҳдадорӣ на танҳо ба бинокорон, инчунин ба корхонаҳое, ки барои сохтмон конструкцияҳо, таҷҳизот ва масолеҳи бинокорӣ мебароварданд, вобаста буд. Бинобар ин бригадирҳои сохтмон М. Шерифов, А. Зуев, А. Поздняков, П. Стеценко ва бригадирҳои Комб-и хонасозии Орҷоникидзеобод Б. Исмоилов, А. Маҷидов, В. П. Халдеев уҳдадориҳои дутарафаи социалистӣ гирифтанд. Норакиҳо қавл доданд, ки сутунҳо ва плитаҳои пушиши ба ст. электрикӣ овардаро пеш аз муҳлат васл мекунанд. Орҷиникидзеободиҳо уҳдадорӣ гирифтанд, ки ба майдони васлгарии ГЭС моҳе 35 сутун мефиристанд ва барои бинои идораи ГЭС маснуоти мураккаби оҳанубетонӣ мебароранд. Норакиҳо коллективи Комо-и хонасозии Душанбе ва з-ди конструкцияҳои оҳанубетони Душанберо низ ба мусобиқаи социалистӣ даъват намуданд. Душанбегиҳо уҳдадорӣ гирифтанд, ки ба бинои ГЭС пеш аз муҳлат армокаркас ва плитаҳои пушиш мефиристанд. Мусобиқаи коргарон, коркунони инженерию техникии ду корхона ва сохтмон ба пеш аз муҳлат иҷро шудани корҳои умумии бинокорӣ мусоидат кард. Сент. 1971 бригадаҳои П. Стеценко (аз участкаи «Спецгид-роэнергомонтаж») ва А. Поздняков (аз Управленияи сохтмони ГЭС) бригадаҳои М. Лысенко, В. Мостовой ва Г. Кошельро (а-ди механикиӣ Днепр), ки барои ГЭС-и Норак кранҳои пуриқтидори борбардор (360 т) мебароварданд, ба мусобиқа даъват намуданд. Бригадаҳои А. М. Шильников, А. Колоколов ва М. К. Демко низ бо коллективи з-дҳои гулбасозии Харьков ва «Уралэлектротяжмаш»-и Свердловск мусобиқа карданд. Баъд ба мусобиқа коллективи з-дҳои «Гидростальконструкция»-и Наздимосква ва автомобилсозии Жодинои Белоруссия ҳамроҳ шуданд. Ташаббуси норакаҳо дар республика ва мамлакат васеъ паҳн шуд. Э. к. бинокорони з-ди алюминии Тоҷикистон, з-ди электрохимиявии Ёвон, Комб-и маъдантозакунии Анзоб ва диг. сохтмонҳои нави Тоҷикистонро фаро гирифт. Дар сохтмони ГЭС-ҳои Тухтагул ва Усть-Илимск, з-ди «Азовсталь»-и Жданов, з-ди автомобильсозии Тольяти вусъат ёфт. Ба Э. к. роҳиоҳанчиён, автомобилчиён, бофандагону дузандагон, бинокорон ва коргарони саноати масолеҳи бинокорӣ ҳамроҳ шуданд.
Дар натиҷаи Э. к. сохтмони ГЭС-и Норак 15 моҳ пеш аз муҳлат (4 окт. 1979) ба истифода дода шуд. Самараи иқтисодии Э. к. бузург аст. Мувофиқи маълумоти Вазорати энергетика ва электрофикацияи СССР самараи иқтисодии Э. к. фақат дар комплекси сохтмони ГЭС-и Норак (солҳои панҷсолаи 9-ум) тақр. 160 млн сум буд. Э. к барои баланд бардоштани сифати маҳсулот низ ёрӣ расонд. Затворҳои куррашакли з-ди ғулбасозии Харьков, қулфакҳои ҳавоии Иттиҳодияи илмию истеҳсолии «Электроаппарат»-и Ленинград, генераторҳои 3-ди «Уралэлектротяжмаш»-и Свердловск Нишони давлатии сифат гирифтанд. Э. к. дар тарбияи ватандустию интернационалии одамон ҳиссаи калон гузошт. Тавассути Э. к. Норак ба мактаби дустии халқҳо, ҳамфикрии бародаронаи коргарон табдил ёфт.
Ад.: Маҳкамов Л. А.. Эстафетаи коргарӣ — шакли таъсирбахши мусобиқаи социалистӣ, Д., 1976; Горбачёв II, Нурек — стройка интернациональная. Д, 1978; «Рабочая эстафета шагает по стране, М.. 1978.
М. Алиҷонов.