Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ЭСПЕРАНТО

ЭСПЕРАНТО

ЭСПЕРАНТО, яке аз машҳуртарин забонҳои сунъӣ, воситаи ёрирасони робитаҳои байналхалқист. С. 1887 духтури поляк, Людвиг Заменгоф (тахалл. Esperanto — умедвор) тартиб додааст. Дар Э. ба решаи калимаҳои забонҳои европоӣ якчанд аффикс илова намуда, калимаҳои нав сохта мешавад. Чун диг. забонҳо Э. ҳиссаҳои нутқ, префиксу суффиксҳо ва ғ. дорад. Алифбои Э. дар асоси графикаи липши бо истифодаи баъзе аломатҳои диакритикӣ сохта шудааст. Дар Э. 6 садонок ва 22 ҳамсадо мавҷуд аст. Калимаҳо мувофиқи навишташон хонда мешаванд. Зада дар ҳиҷои дуюм (аз охир) меафтад. Таркиби луғавӣ, қоидаҳову имлоии забон дар ҳолати такомуланд.

esperanto

Ба Э. маҷаллаҳо, асарҳои илмӣ, асарҳои бадеӣ, қарору ҳуҷҷатҳои КПСС ва ғ. ба табъ мерасанд. Баъзе асарҳои Вергилий, У. Шекспир, И. В. Гёте, А. С. Пушкин, В. В. Маяковский ва диг. ба Э. тарҷуиа шудаанд.

Ш. Бобомуродов.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …