Маълумоти охирин
Главная / Илм / Элементи химиявии Натрий

Элементи химиявии Натрий

Натрий (Natrium), Na, элементи химиявии гурӯҳи I системаи даврии Менделеев; металли сафеду нуқратоби нарму ёзанда ва сабукест, ки дар ҳаво зуд оксид мешавад. Рақами ат. 11, массаи ат. 22, 9898. Натрии табиӣ аз як изотопи собит 23Na иборат аст. Пайвастҳои табии Натрий—намаки ош NaCl, сода Na2G03 аз қадимулайём маълуманд. Натрийи металлиро соли 1807 Г. Дэви бо роҳи электролизи NaOH ҳосил кардааст.

Натрий 2,5% массаи литосфераро ташкил медиҳад. Вай элементи ниҳоят фаъол аст, бинобар ин дар табиат танҳо дар ҳолати пайваст дучор мешавад. Намаксанг NaCl, селитраи чилии NaN03, тенар­дит Na2SO*, мирабилит N8^0« • ЮН20, трона NaH[C03]2 • 2Н20, танакор Na2B407 • ЮН20, криолит 3NaF • A1F3 ва ғайра муҳимтарин минералҳои Натрий ме­бошанд. Ба ғайр аз ин, Натрий бо Са, Sr, Ва, Mg, Л1 ва элементҳои дигар ба таркиби бисьёр алюмисиликатҳо дохил мешавад. Натрий ҳамчуи муҳимтарин биоэлемент дар таркиби растаниҳо (буймодарон, ламинария ва ғайра) ва ҳайвонот (дар плазмаи хун 0,32%, устухон 0,6%, бофтаҳои мушакӣ 0,6—1,5%) низ ҳаст. Зичиаш 968 кг/мэ (‘19,7° С); Т ..гудохт. 97,83° Селсия; t ҷӯшиш 882,9° Селсия. Буғи Натрий ранги шӯъларо зард мекунад.

Натрий дар ҳамаи пайвастҳояш +1 валента аст. Вай бо 02-и ҳаво бевосита пайваст шуда, Na20 ё Na202 ва бо об NaOH ва II2 (реакция баъзан бо таркиш мегузарад) ҳосил мекунад; бо гидрогеи, оксигеи, галогепҳо, сулфур, карбон ва дигар эле­менту ба осонӣ ба реакция медарояд. Натрий дар аммиаки моеъ нағз ҳал шуда, комплексҳои аммиаки ва бо бисьёр металлҳо пайваст шуда хӯла ҳосил менамояд. Натрийро асосан дар натиҷаи электролизи гудохтаи NaCi, ки омехтаи КС1, NaF, СаС12 ва ғайраро дорад (дар ҳарорати 575—585° С) ҳосил мекунанд. Натрий ва хӯлаҳои онро дар клапани муҳаррикҳои самолётҳо ба­рои як хел нигоҳ доштани (дар доираи 450—650° Селсия) ҳарорат, таҷҳизотҳои энергияи ядроӣ, пайвастҳои Натрийро дар истеҳсоли антидетонаторҳо, мина, рангҳои гуногун, шиша, саноати бофандагӣ, масолеҳи бинокорӣ, материалҳои суратгирӣ, даббоғӣ ва ғайра васеъ истифода мебаранд. Азбаски Натрий металли хеле фаъол аст, бинобар ин ҳангоми бо он кор кардан хушьёр будан даркор аст. Махсусан ба об ҳамроҳ шудани Натрий хатарнок аст, зеро ин боиси таркишу сӯхтор шуда метавонад.

Адабиёт: С и т т и г М., Натрий, его произ­водство, свойства и применение, Москва, 1961; Рипан Р., Ч е т я н у И., Неорга­ническая химия, том 1,- Москва, 1971.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …