ЭҶОДИЁТ (аз ар. — ба вуҷуд овардан), фаъолиятеро гуянд, ки зимни он як чихи сифатан наву бесобиқа ва аз ҷиҳати ҷамъиятию таърихӣ беҳамто ба вуҷуд меояд. Э. барои инсон хос аст, зеро он бе субъекти фаъолият вуҷуд дошта наметавонад. Дар табиат ҷараёни инкишоф мавҷуд аст, вале он аз Э. фарқ мекунад.