ЭНЦИКЛОПЕДИЯИ СОВЕТИИ ТОҶИК (ЭСТ), нахустин энциклопедияи универсалии тоҷик, ки мувофиқи қарори КМ ПК Тоҷикистон ва Совети Вазирони РСС Тоҷ. (3 июни 1968, N 198) дар Душанбе нашр мешавад. ЭСТ 8 ҷилд (ҷ. 1—1978; ҷ. 2—1980; ҷ. 3—1981; ҷ. 4-1983; ҷ. 5— 1984; ҷ. 6-1986; ҷ. 7—1987; ҷ., 8-1988 бо тиражи 15—20 ҳаз. нусха) буда, беш аз 23 ҳаз. мақоларо дар бар мегирад. ЭСТ пеш аз ҳама дар асоси принципҳои Энциклопедияи Калони Советӣ ва тачрибаи қомусигарони республикаҳои бародар тақсим шудааст. Қисми асосии мақолаҳои ЭСТ оид ба Тоҷикистон буда, дар онҳо таърихи республика, география, иқтисодиёт, илму техника, адабиёту санъат, ҳаёт ва фаъолияти ашхоси бузург, ходимони барҷастаи ҷамъият, арбоби илму маърифат, адибон ва санъатварони машҳур, Қаҳрамоиони Иттифоқи Советӣ ва Меҳнати Социалистӣ акс ёфтааст. Дар ЭСТ таърихи халқи тоҷик, саҳми он дар таърихи афкори фарҳангӣ ва тамаддуни башарӣ нишон дода шудааст. ЭСТ инчунин хонандагонро бо тараққиёти имрӯзаи илму техника, комёбиҳои ҳаёти моддӣ ва маънавии республикаҳои бародари Иттифоқи Советӣ, бо муҳимтарин воқеаҳои ҷаҳон, ҳаракати байналхалқии коммунистӣ ва коргарӣ, бо соҳаҳои гуногуни илму маданияти ҷаҳон, намояндагони машҳури он ва ғ. шинос мекунад.
ЭСТ барои оммаи васеи хонандагон пешниҳод мешавад ва хусусияти илмию оммавӣ дорад. Сармуҳаррири илмии ЭСТ президента АФ РСС Тоҷ. М. С. Осимӣ мебошад.
У, Тоиров.