Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Деҳаи Мадм дар ҷамоати Урметани ноҳияи Айнӣ

Деҳаи Мадм дар ҷамоати Урметани ноҳияи Айнӣ

МАДМ, деҳа дар С. қ. Урметани ноҳияи Айнӣ, вилояти Ленинобод. Терр. колхози «Ӯзбекистан». Аз Мадм то маркази С. қ 14 км, то район 48 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 1138 нафар (1981), тоҷикон. Деҳа мактаби миёна, клуб, пункти тиббӣ, шӯъбаи алоқа, устохонаи дуредгарӣ, 2 магазин ва ғ. дорад. Соҳаҳои хоҷагӣ — ғаллакорӣ, боғдорӣ ва тамокукорӣ. Дар наздикии Мадм харобаи қалъаи Гарданаи Ҳисор (асрҳои 7—8) боқӣ мондааст. Заминҳо аз сои Мадм обёрӣ мешаванд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …