Деҳаи Маданият дар ҷамоати Гулхонаи ноҳияи Ҷаббор Расулов (собиқ Пролетар)-и вилояти Суғд. Ба ҳудуди колхози «Москва» мутаалиқ мебошад. Аз деҳаи Маданият то маркази ҷамоат 11 км, то маркази ноҳия 10 км. роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 1020 нафар дар соли 2017-ум ва ё 478 дар с. 1981, тоҷикон ва ӯзбекҳо. Маданият мактаби миёна, магазин дорад. Соҳаҳои хоҷагӣ — пахтакорӣ, ғаллакорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо аз канали Хоҷабоқирғон обёрӣ мешаванд.
Tags Ҷаббор Расулов
Инчунин кобед
САФОЛ
САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …