Маълумоти охирин
Главная / Илм / Давраи ТАБОШИР

Давраи ТАБОШИР

ТАБОШИР, давраи (системаи) табошир ё бӯр, давраи сеюмин (охирин)-и эраи мезозой. Азбаски дар таҳнишастҳои Табошир бӯр фаровон аст, ин давраро Табошир номидаанд. Давраи Табошир 135—137 млн сол муқаддам оғоз ёфта, қариб 70 млн сол давом кардааст. Табоширро ҳамчун давраи мустақил бори аввал соли 1822 геологи франсавӣ Ж. Омалнус д’Аллуа дар ҳавзаи Париж муқаррар намуд. Табошир ба замонҳои аввал ва охир тақсим мешавад.

1485511334_phpthumb
Иқлими аввал ва охирҳои Табошир гарму хушк ва миёнаҳои давра гарму сернам буд. Набототи ибтидои давраи Табоширро асосан сарахсҳо ва гурӯҳҳои гуногуни растаниҳои лучтухм (саговникҳо, гинкгоҳо, сӯзанбаргҳо, беннеттитҳо ва ғайра) ташкил медоданд. Нимаҳои давра нахустин растаниҳои пӯшидатухм ва дертар растаниҳои гулдор пайдо шуданд, ки дарохири давра дар олами наботот мавқеи асосӣ пайдо карданд. Ҷинсҳон сершумори растаниҳои пӯшидатухм (магнолия, ғор, чинор, булут ва ғайра) то давраи мо омада расиданд. Олами ҳайвоноти Табошир ба олами ҳайвоноти давраи юра монандӣ дошт. Дар хушкиҳои он давра асосан хазандаҳо (калтакалосҳо)-и дарранда (бронтозавр, тираггаозаюр, тарбозавр), алафхӯр (агуанодон, атраходон) ва паррон (птеранодон) зиндагӣ мекардавад. Бисёрии онҳо, махсусан динозаврҳои дарранда, хеле калонҷусса буданд (қадашон то ба 4— 6 м ва дарозиашон то ба 25 м мерасид).
Дар охирҳои давра калтакалосҳои баҳрӣ — мозозаврҳо (дарзиашон то 12 м) пайдо шуданд ва бисёр гурӯҳҳои хоси ҳайвонҳои эраи мезозой (аммонитҳо, белемнитҳо, диосерамҳо, динозаврҳо, плезиозаврҳо ва ғайра) барҳам хӯрданд. Ҷинсҳои кӯҳии Табошир дар тамоми қитъаҳои кураи Замин мавҷуданд. Дар ҳудуди СССР ҷинсҳои давраи Табошир, ки аз таҳнишастҳои баҳрӣ, лагунӣ, континентӣ ва вулқоногенӣ иборатанд, бисёр дучор мешаванд. Онҳо дар платформаи Европаи Шарқӣ, ҳамвории Сибири Ғарбӣ, Шимолу Шарқ ва Шарқи Дури СССР, Қазоқистон, Осиёи Миёна, қаторкуҳҳои Карпат, Криос, Кавказ ва дигар ҷойҳо майдонҳои хелева сеъро ишғол кардаанд. Дар ҳудуди Тоҷикистон таҳнишастҳои Табошир нобаробартақсим шудаанд. Онҳо дар депрессияи Тоҷикистону қаторкӯҳи Паси Олой яклухту пурратар ва дар ноҳияҳои дигари (Тоҷикистоии Шимоли, водии Зарафшон, Помири Ғарбӣ) дар шакли минтақаҳои камбари тӯлони воқеъ гаштаанд. Интрузияҳое, ки дар аввал ва охирҳои давраи Табошар ба вуҷуд омадаанд, фақат дар Помир дида мешавад,
Дар таҳнишастҳои давраи Табошар конҳои калони ангишти бур (баъзе конҳои СССР, ШМА, Мексика, Канада ва ғайра), намак, фосфорит, боксит, маъдани оҳан ва дар ҷинсҳои вулқонии ин давра як қатор конҳои тилло, нуқра, қалъагӣ, сурб, симоб ва ғайра пайдо шудаанд. Дар Тоҷикистон аз таҳнишастҳои давраи Табошир нефт, газ ва чанд хел масолеҳи бинокорӣ мегиранд. У. Олимов.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …