Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Вилояти ЧИМКЕНТ

Вилояти ЧИМКЕНТ

chimkent-province

ЧИМКЕНТ, вилоятест дар ҳайати РСС Қазоқистон. 10 марти 1932 ташкил шудааст. Масоҳ. 116,3 ҳаз. км2. Аҳолиаш 1696 ҳаз. наф. (1984), аҳолии шаҳрӣ 40%. 15 район, 8 шаҳр ва 10 птш дорад. Марказаш ш. Чимкент. Қисми зиёди ҳудуди вилоятро ҳамворию теппаҳо (баландиашон 200— 300 м) фаро гирифтаанд. Дар ҷан. ғарб биёбони Қизилқум, дар шимол биёбони Мӯйинқум ва Бетпак Дала воқеанд. Ҳapop. миёнаи янв. аз —2 то —9С, июль 22—24С. Боришоти солона аз 120 то 1000 мм (дар кӯҳҳо). Дарёи асосиаш Cир. Дар ҳудуди вилоят обанборҳои Чордара ва Бугун сохта шудаанд. Маъданҳои сурбу руҳ ва ангитат истихроҷ мекунанд. Корхонаҳои саноати металлургияи ранга, мошинсозӣ, химия, саноати сабук, хурокворӣ ва истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ мавҷуданд. Чимкент ноҳияи асосии пахтакории PСС Қазоқистон мебошад. Асосан гӯсфанди қарокулӣ ва маҳинпашм мепарваранд. Бо ордени Ленин мукофотонида шудааст (1967).

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …