Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБУСАҲЛИ МАСЕҲӢ

АБУСАҲЛИ МАСЕҲӢ

АБУСАҲЛИ МАСЕҲӢ, Абусаҳл Исо ибни Яҳёи Масеҳии Ҷурҷонӣ (вафот тақрибан 1011), табиби муосири Абуалӣ ибни Сино. Аввал дар дарбори оли Маъмун дар Хоразм зиндагӣ ва фаъолият дошт. Абусаҳли Масеҳӣ устод ва дӯсти наздики Ибни Сино буда, дар Хоразм ҳамроҳ кор кардаанд. Ҳарду узви маҷлиси уламои Абулаббоси Маъмун буданд.

Баъди истилои Хоразм аз ҷониби Султонмаҳмуди Ғазнавӣ ба аъзои «Академияи Маъ­мун» амр шуд, ки ба пойтахт – Ғазна гузаранд. Aммо Абусаҳли Масеҳӣ ва Ибни Сино ин пешниҳодро рад карда, соли 1012 пинҳонӣ Хоразмро тарк намуданд. Онҳо аз тариқи биёбони Қароқум роҳи Эронро пеш гирифтанд. Душвории роҳ ба саломатии Абусаҳли масеҳӣ. таъсири бад расонд ва ӯ дар он биёбон вафот кард. Мазҳабуддин Абдурраҳим ибни Алӣ гуфта, ки «… дар миёни мутақаддимон ва муттаахирин атиббои насоро надидаам аҳадеро, ки дар фасоҳати малому ҷавдати баён монанди Абусаҳл бошад».

Бино ба гуфтаи Низомии Арӯзии Самарқандӣ соли вафоти Абусаҳли Масеҳӣ бо соли Хоразмро забт кардани Султонмаҳмуди Ғазнавӣ марбут будааст. Китоби машҳури Абусаҳли Масеҳӣ «Ал-миа фӣ-с-синоати-т-тиббия» аст. Он бо услуби энсиклопедӣ навишта шуда, аз се қисмат иборат ме­бошад. Қисмати якум ба беҳдошти ғизо ва тасвири хосияти давоҳо, қисмати дуюм ба масоили умумии тиб ва қисмати сеюм ба масъалаҳои табобат бахшида шудааст. Чанд ри­солаи дигаре низ аз ӯ дар даст ҳаст Абусаҳли Масеҳӣ  дар хандаса, нуҷум ва ҳикмат ҳам таълифот доштааст.

Адабиёт:Муҳаммад Муин, Фарҳанги форсӣ, ҷилди 5, Тошкент, 1379 ҳиҷрии шамсӣ.            С. Шаҳобуддинов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …