Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБУЛВАҶД

АБУЛВАҶД

АБУЛВАҶД (соли таваллуд ва вафот номаъ­лум), шоири точик (асри 16). Бо тахаллуси «Фориғӣ» шеър гуфтааст. Аз зумраи шоирони Мовароуннаҳр аст. Хоҷа Ҳасани Нисорӣ дар тазкирааш «Музаккир-ул-аҳбоб» Абулваҷдро чун марди фозил ва хуштабъ васф кардааст. Дар дарбори шоҳ Бобур (хукмронии 1485 -1530) хидмат намуда, ба обрӯю эътибори баланд ноил гашта буд. Аз осораш намунаҳо ба тавассути тазкираҳо расидаанд. Абёти зерин аз ӯст:

Гирифт буркаъ хато моҳи рӯи ҷононро,

Ҳиҷоби куфр бипӯшид нури имонро.

Ҳадиси лаъли лабаш, Фориғӣ, магӯ бо ғайр,

Марез баҳри хасу хор Оби ҳайвонро.

У. Назиров.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …