Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / АБУЛҲАЕВ Владимир Ҷалолович

АБУЛҲАЕВ Владимир Ҷалолович

АБУЛҲАЕВ Владимир ҶалоловичАБУЛҲАЕВ Владимир Ҷалолович (таваллуд 12. 8. 1948, Панҷакент), химик, доктори илми химия (1996), профессор (2008), академик Академияи Нию-Ёрк (1977). Хатмкардаи Донишкадаи политехникии Ки­ев (1972). Фаъолияти меҳнатиаш соли 1973 дар Сарредаксияи илмии ЭСТ оғоз гардидааст. Муҳандиси Институти сохтмони зилзилабардор ва сейсмологияи Академияи Илмҳои Республикаи Советии Сотсиалистии  Тоҷикистон (1973 – 74). Аз соли 1974 дар Институти химияи Академияи Илӣҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дошта, аз ходими хурди илмӣ то ба дараҷаи муовини директор оид ба илм расидааст, Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон низ ба донишҷӯён дарс мегӯяд.

Перомуни технологияи истеҳсолоти металлургӣ, синтези пайвастҳои нави дорои хосиятҳои нимноқилӣ ва магнитӣ, назарияи ҷараёнҳои гидрометаллургӣ, металлҳои ранга тадқиқот анчом до­дааст. Муаллифи 180 асари илмӣ ва 10 ихтироъ мебошад. Таҳти рохбарии ӯ 5 нафар рисолаи номзадӣ дифоъ намудаанд. Соҳиби 2 фарзанд (1-духтар ва 1 писар (Висол).

Основание.: Методические указания к выполнению лабораторных работ по курсу «Металлургия цветных металлов», Душанбе, 2002; Рентгенофазовый анализ. Лабораторный практикум, Душанбе, 2006; Ла­бораторный практикум по курсу «Теория гидро­металлургических процессов», Душанбе. 2006.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …