АБУЛАББОСИ ЛУКАРӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоир ва донишманди форс-точик (асри 11). Дар Лӯкар (яке аз деҳоти Марви ҳамон давра) ба дунё омада, ҳамон ҷо касби камол на¬мудааст. Мувофиқи маълумоти сар- чашмаҳои адабӣ ва илмӣ Абулаббоси Лукарӣ шоири баркамоли давраш ба шумор мерафтааст ва девони ашъор доштааст, вале девони ашъораш то ҳол дастрас нагардидааст.
Абулаббоси Лукарӣ донишманди маъруфу донандаи илмҳои ҳикмат (фалсафа), мантиқ, табииёт, риёзиёт, илоҳиёт, ахлоқ буд. Ба шарофати Абулаббоси Лукарӣ илми ҳикмат дар Хуросон ривоҷи бештаре ёфт ва ӯ дар ин бобат шогирдони зиёде дошт, ки яке аз онҳо шоир Қаттони Марвазӣ буд.
Абулаббоси Лукарӣ осори илмиашро ба забонҳои форсӣ ва арабӣ эҷод мекард. Дар илми мантиқ ӯ асаре дорад бо номи «Баён-ул-ҳақ би- з-замон-ис-сидқ» («Баёни ҳақиқат бо замонати ростӣ»). Дар қасидаи «Асрор-ул-хикмат» (иборат аз 5 қисм) доир ба соҳахои илм – мантиқ, таби¬иёт, риёзиёт, илоҳиёт, ахлоқ шарҳ навиштааст. Аз Абулаббоси Лукарӣ чун донандаи илми нуҷум низ ёд мешавад. Ӯ ҳамроҳи Умари Хайём дар таҳияи «Зиҷи Маликшоҳӣ» иштирок кардааст.