АБДУШУКУРИ АБДУСАТТОР (тахаллус Беҳрӯз; таваллуд 28.4.1954, Конибодом), адабиётшинос, мунаққиди тоҷик, доктори илмҳои филология (2003).
Факултети шарқшиносии Университети Давлатии Тоҷикистон (шӯъбаи забони арабӣ)-ро хатм кардааст (1976). Муаллими мактаби миёна (1976 – 79), муҳаррир дар Маркази илмӣ-методии эҷодиёти халк ва корҳои маданӣ-маърифатӣ (1979 – 89), аспиранти Университети Давлатии Тоҷикистон УДТ (1989 – 92), омӯзгори кафедраи таърихи адабиёти классикӣ» факултети филологияи Университети Давлатии Тоҷикистон (1992), корманди илмии маҷаллаи «Адаб» (1992 – 94), мудири кафедраи забонхои хориҷӣ (2007 – 09) ва аз декабри 2009 мудири кафедраи филологияи тоҷикӣ Донишгоҳи славянин Россияву Тоҷикистон.
Муаллифи зиёда аз 300 мақола ва рисолаҳои илмӣ- оммавӣ оид ба масъалаҳои адабиёти гузашта ва муосири точик: «Фазоили Қуръон» (1992), «Рӯъяти Қуръон дар шеър» (1997), «Талмеҳ дар шеъри ахди Сомониён» (1998), «Шоирони ахди Сомониён» (1999; ҳамроҳи X. Шарифов), «Қиссаи подшоҳони Сомонӣ»; (1999; хамроҳи X. Шарифов), «Ҷилои ситораҳо» (2000; ҳамроҳи X. Шарифов), «Арабият дар ахди Ғазнавиён» (2002), «Робитаҳои адабии Арабу Аҷам дар асри XI» (2004). Дар таҳия ва ба чоп омода сохтани ду ҷилди аввали китоби «Таърихи адабиёт дар Эрон»-и Забеҳуллоҳи Сафо иштирок кардааст (2001, 2006).
Инчунин «Таърихи адабиёти араб» (2009) ва «Мунтахаби девон»-и Сӯзании Самарқандиро ба чоп расонидааст (2009). Абдушукури Абдусаттор бо тахаллуси Беҳрӯз шеър ҳам эҷод мекунад, ки дар рӯзномаву маҷаллаҳо ва маҷмӯаҳои «Навсафар»
(1985), «Кокули бом» (1985), «Хордаста» (1987), «Сарчашмаи бадбахтиҳо» (1987), «Нешханд» (1990), «Эй нашъа балои ҷон шудастӣ» (2002) ва ғайра ба табъ расидаанд. Узви Иттифоқи Нависандагон Тоҷикистон аз соли 2000. М. Нарзиқул.