Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Абдураззоқов Ҳабибулло

Абдураззоқов Ҳабибулло

Абдураззоқов Ҳабибулло (таваллудаш  7.11.1937, шаҳри Кӯлоб), актёр ва режис­сёр. Артиста халқии РСС Тоҷикистон (1987). Хатмкардаи факултети актёрии Институти давлатии санъати театрии ба номи А. В. Луначарскийи Москва (1960) ва курси олии режиссёрии Академияи санъати шаҳри Москва (1964). Актёри Театри ҷумҳуриявии мазҳакаи мусиқии ба номи А. С. Пушкини шаҳри Ленинобод (ҳозира Театри ба номи Камоли Хуҷандӣ; 1960 – 1961), актёр ва режиссёри Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи А. Лоҳутӣ (1961 – 1969), саррежиссёри Театри ҷумҳуриявии мазҳакаи мусиқии ба номи А. С. Пушкин (1969 – 1971) ва Театри давла­тии ҷавонони Тоҷикистон ба номи М.

Воҳидов (1971 – 1973), актёр ва режиссёри киностудияи «Тоҷикфилм» (1973 -1975), актёри Театри давлатии акаде­мии драмаи тоҷик ба номи А. Лоҳутӣ (1975 – 2002). Аз соли 2002 директор ва роҳбари бадеии Театри «Падида». Солҳои 1987 – 1990 раиси Иттифоқи арбобони театри Тоҷикистон буд. Абдураззоқов яке аз беҳтарин бозандагони ролҳои классикӣ ва дорои хусусиятҳои миллӣ дар театру кино мебошад. Ролҳои беҳтарини Абдураззоқов дар саҳнаи театрҳо: Любим Торсов («Камбағалӣ айб нест»-и А. Н. Островский, 1960), Ёдгор («Дохунда»-и Ҷ. Икромӣ, 1961), Файзуллоҷон («Иродаи зан»-и А. Сидқӣ, 1962), Меркутсио, Отелло («Ромео ва Ҷулетта», «Оттело»-и У. Шекспир, 1963), шоир Хуршед («Ҳуррият»-и Ғ. Абдулло, 1964), Камоли Хуҷандӣ (пйесаи ҳамноми Ғ. Ҷалил, 1970), Улдис («Заврақи ишқ»-и Я. Райнис), Афросиёб («Рус­там ва Сӯҳроб»-и Ғ. Абдулло, 1966), Низомиддин («Дилҳои сӯзон»-и Ҷ. Икромӣ, 1977), Карл Моор («Роҳзанҳо»-и Ф. Шиллер, 1979) ва ғайра. Абдураззоқов дар инкишофи кинои тоҷик низ хизмати арзанда дорад.

Истеъдоди ӯ дар ролҳои Шодмон («Оромӣ наме­шавад», 1962), Баҳриддин («Марги судхӯр», 1965), Асад Махсум («Хиёнат», 1967), Ҳайдар («Чор нафар аз Чорсанг», 1973), Мухторов («Стансияи кӯҳӣ», 1974), Баҳром («Достони Сиёвуш», 1975), Асаншо («Субҳи Ганг», 1975), Ҳамроев («Ҳафт нафар дар пайроҳа», 1977), Корвонбошӣ («Дарвеши ланг», 1986), Неъматуллохон (силсилафилми телевизионии «Дар орзуи падар», 2005), генерали эронӣ («Асир», Германия, 2006), Ҳисоми тоҷик (силсилафилми телевизионии эронии «Дар чашми бод»,  сардори роҳзанҳо (силсилафил­ми телевизионии эронии «Шукрона», ва ғайра возеҳан ҳувайдо шудаанд.

Таҳияҳои режиссёрии Абдураззоқов обуранги миллӣ доранд: «Худораҳматӣ»-и Б. Нушич (1966), «Рустам ва Сӯҳроб»-и Ғ. Абдулло (1967), «Купрук»-и Ф. Ниёзӣ (1969), «Карим Девона»-и Т. Аҳмадхонов (1969), «Садо аз тобут»-и А. Каҳҳор (1975), «Вақте , ки шаҳр хуфта буд»-и А. Чхеидзе (1980), «Вопасин аруси Амир-ал-мӯъминин»-и Ф. Муҳаммадиев (1983), «Дар чорсу» ва «Тарс»-и Н. Табаров (1984,1995) ва ғайра. Абдураззоқов дар тарбияи актёрон ва кормандони эҷодии соҳаи театр саҳми калон гузоштааст. Бо орденҳои Дӯстии халқҳо (1980), Дӯстӣ (1998, медали Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Грамотаи фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон сарфароз гардидааст. Узви ИК Тоҷикистон (аз 1971).

Ад.: Марде дар шаҳре, шаҳре дар марде, Д., 2007.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …