Абдуллоев Убайдулло (таваллдуаш 1927, деҳаи Олтинсуюқи вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон), пахтакор, Каҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1948). Устоди пахтаи Тоҷикистон (1962). Сардори звено (1944 – 1952) ва бригадаи пахтакорӣ (1953 – 1967), механики колхози «Ленинград»-и ноҳияи Ленин (1968 – 1983).
Аз соли 1984 нафақагири шахсӣ. Ҳоло дар ноҳияи Рӯдакӣ иқомат мекунад. Бригадаи Абдуллоев солҳои 1960 – 1962 механизатсиякунонии комплексии парвариши пахтаро ҷорӣ карда, ҳосили фаровон гирифтааст. Бо орденҳои Ленин, Байрақи Сурхи Меҳнат, медалҳо ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.