Маълумоти охирин
Главная / 2019 / April / 28 (страница 4)

Архивы за день : 28.04.2019

Шаҳри САЛВАДОР

salvador2

САЛВАДОР (Salvador), Баия (Bahia), шаҳрест дар шимолу шарқи Бразилия, маркази маъмурии штати Баия. Аҳолиаш 1273 ҳазор нафар (1975). Байдар дар соҳили уқёнуси Атлантик. Стансияи роҳи оҳан; аэропорташ (дар Санту-Амару) аҳамияти байналхалқӣ дорад. Муҳимтарин маркази иқтисодии ноҳияи шимолу шарқи мамлакат. Соҳаҳои саноаташ: химия, семент, тамоку, хӯрокворӣ ва матоъҳои пахтагӣ. Ба хориҷа …

Муфассал »

Шаҳри САЛАВАТ

sq_lenina_salavat

САЛАВАТ, шаҳрест дар РАСС Бошқ., дар соҳили дарёи Белая (шохоби Кама). Стансияи роҳи оҳан (188 км ҷанубтар аз Уфа). Аҳолиаш 137 ҳазор нафар (1979). Итт. ист. «Салаватнефтеоргсинтез», заводҳои шиша, мошинсозӣ (аппаратҳои нефт мебарорад), корхонаҳои масолеҳи бинокорӣ дорад. Факултети шабонаи Институти нефти Уфа, техникуми индустриалӣ, омӯзишгоҳҳои педагогӣ ва мусиқӣ, театри драма …

Муфассал »

САЛАВАТ ЮЛАЕВ

САЛАВАТ ЮЛАЕВ (16. 6. 1752, деҳаи Текеево, ҳозира райони Салавати РАСС Бошк.—8. 10. 1800, бандари Рогервики Балтика, ҳозира шаҳри Палдиски РСС Эст.), қаҳрамони халқи бошқирд, ҳамсафи Е. И. Пугачёв, шоири баҳсҳагӯй. Октябри 1773 ӯро бо отряди стерлитамакҳо ба мудобили Пугачёв сафарбар карданд, аммо Салават Юлаев ба тарафи шӯришгарон гузашт. Пугачёв …

Муфассал »

САЛ – паром

sal

САЛ, паром, иншооти шиновариест, барои аз монеаҳои обӣ (гулугоҳ, дарё, кӯл) гузарондани воситаҳои нақлиёти хушкигард, одамон ва борҳои гуногун хизмат мекунад. Салҳои худногард ва худгард мавҷуданд. Ба Салҳои худногард, амад, қаиқ, баржа ва ғайра мансубанд. Солҳои худногард аcocан дар дарёҳо истифода мешаванд; онҳо бо ёрии симтанобҳои байни ду соҳил кашидашуда, …

Муфассал »

САКТА

900877_2004920

САКТА, инсулт, ихтилоли тезинкишофёбандаи гардиши хуни мағзи cap, ки боиси осеб ёфтани бофтаҳои майна ва вайроншавии фаъолияти онҳо мегардад. Чунон ни дар «Тибби Юсуфӣ» омадааст, «Сакта, ки иборат аз ботил шудани ҳиссу ҳаракати ҷамеӣ аъзост, чун аз хун бошад, аломаташ пурит рагҳост, бо соири аломати ғалабаи хун». Аз ин ҷиҳат …

Муфассал »

САКСОФОН

saksofon-soprano-mercury

САКСОФОН (аз номи ихтироъкунандааш Сакс ва юнонӣ phone —овоз), сози мусиқии нафасӣ. Устои белгиягӣ А. Сакс (1845) ихтироъ кардааст. Аз биринчӣ сохта мешавад. Танааш фурӯхамида. Даҳанааш минқоршакл. Саксафон 7 намуд (аз сопранино то контрабас) дорад. Яке аз созҳои асосии оркестри ҷазӣ буда, дар оркестрҳои нафасӣ, эстрадӣ ва чун сози якканавозӣ …

Муфассал »

САКСОНҲО

САКСОНҲО, сулолаи шоҳони Германия (919—1024) ва императорони “Империяи Муқаддаси Рим” (аз соли 962). Асосгузораш Генрихи I (солҳон ҳукмрониаш 919—936); ворисони ӯ: Оттони I (936—973, аз соли 962 император), Оттони II (973—983), Оттони III (983—1002). Баъди вафоташ яке аз намояндагони авлоди ӯ гертсоги Бавария Генрих шоҳ шуд (шоҳ Генрихи II, 1002—24). …

Муфассал »

САКСОНИЯИ ПОËН

САКСОНИЯИ ПОËН (Nicdersaclisen), сарзаминест дар қисми шимолии РФГ, дар ҳавзаи дарёҳои киштигарди Везер, Эмс, Элба. Аз Шимолу Ғарб бо баҳри Шимолӣ иҳота шуда аст; дар назди соҳил ҷазираҳои сершумор — Фризи Шарқӣ ва ғайра мавҷуданд. Қисми зиёди Саксонияи Поён дар ҳудуду ҳамвориҳои Европаи Миёна ҷойгир аст. Дар Ҷанубу Шарқи кӯҳҳои …

Муфассал »

САКСОНИЯ

САКСОНИЯ (Sachsen), вилояти таърихӣ дар РДГ. Қисми асосии Саксонияро маркаи Мейсен ташкил медод (марка — воҳиди маъмурӣ). Дар асрҳои 15—16 яке аз ноҳияҳои асосии таҷдиди саноати капиталистӣ (кӯҳкорӣ, китобчопкунӣ ва ғайра), маркази маданият (соли 1409 дар Лейпсиг, 1502 дар Виттенборг унститутҳо таъсис ёфтаанд). Саксония аз 1806 подшоҳӣ. Солҳои 1814—1815 мувофиқи …

Муфассал »

Деҳаи САКСАНОХУР

САКСАНОХУР, деҳаест дар Совети кишлоқи Ватани pайони Фархор, вилояти Кӯлоб. Территорияи коохози ба номи В. И. Ленин. Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 5 км, то район 10 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 1420 нафар (1981), тоҷикон. Мактаби миёна, китобхона, пункти тиббӣ, устохонаи таъмири пойафзол дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагиаш пахтакорӣ, боғу …

Муфассал »