ФИРӮЗ БАҲОР (Аҳмадов Фируз Ҳоҷиевич) (таваллуд 19. 11. 1942, Душанбе), бастакори советии тоҷик. Лауреати Мукофоти комсомоли ленинии Тоҷикистон (1977). Аъзои КПСС аз соли 1984. Омузишгоҳи мусиқӣ, Институти давлатии мусиқию педагогӣ ва Консерваторияи Тошкентро (4971) хатм кардааст. Солҳои 1971—76 омӯзгори Институти давлатии санъати ба номи М. Турсунзода, аз соли 1976 котиби …
Муфассал »Архивы за день : 09.04.2019
ФИРЪАВН
ФИРЪАВН, номи умумии шоҳони Мисри Қадим. Ин истилоҳ аз калимаи мисрии қадим «пер-о» гирифта шуда, маънояш (айнан) «хонаи калон» мебошад. Аввалҳо истилоҳи «Фиръавн» ба маънои «қасри шоҳ» истифода мешуд. Аз асри 16 то мелод сар карда номи худи шоҳро ифода мекардигӣ шуд.
Муфассал »ФИРҚА
ФИРҚА, (арабӣ—гурӯҳ, ҷамоат), гурӯҳҳо ё шохаҳои сершумори дини исломро гӯяпд, ки нисбат ба рукнҳои асосии он дар ихтилофанд. Дар ҳадисе роҷеъ ба 73 Фирқаи ислом сухан меравад. Гуё тамоми фирқаҳои ислом дар натиҷаи ихтилоф бо аҳли суннат ва ҷасмоат ба вуҷуд омадаанд. Ҷараёни ба вуҷуд омадани фирқаҳои исломро бисёр муаррихон …
Муфассал »ФИРОҚӢ Ҳофизи Чаргарӣ
ФИРОҚӢ Ҳофизи Чаргарӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум), навозанда, ҳофиз ва бастакори тоҷик (асри 16). Ӯ аз овони ҷавонӣ ба санъатҳои мусиқи, хаттотӣ ва сарояндагӣ мароқ доштааст. Махсусан дар санъати соқиномасароӣ бебадали рӯзгори худ будааст. Фироқӣ чун бастакори соҳибзавқ шӯҳрат дошта, асарҳои зиёде тасниф кардааст. Аз ҷумла, «Амали Фироқӣ», «Пешрави …
Муфассал »ФИРСОВА Людмила Павловна
ФИРСОВА Людмила Павловна (таваллуд 25. 3. 1923, деҳаи Зимаровои раёни Раненбурги вилояти Рязан), доктори илми тиб (1969), профессор (1971). Баъди хатми Институти тиббии Ростови Дон (1946) духтур-фтизиатр шуда кор кард. Солҳои 1968—75 сардори шӯъбаи терапевтии Институт тадқиқоти илмии касалиҳои сил (Белоруссия). Аз соли 1975 мудири кафедрая касалиҳои сили Институти давлатии …
Муфассал »ФИРОҚӢ
ФИРОҚӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири тоҷик (нимаи дуюми асри 15 ва нимаи аввали асри 16). Номаш Хоҷа Айюб. Аз Шаҳрисабз. Дар ҷавонӣ ба шеъргӯӣ пардохтааст. Падараш Хоҷа Абулбарака аз акобири Шаҳрисабз буда, ба камолёбии фарзандаш дар ҷодаи шеъру шоирӣ кӯмак расонидааст. Бо тахаллуси Фироқӣ ва Айюб шеър гуфтааст. …
Муфассал »ФИРОҚИЯ
ФИРОҚИЯ аз арабӣ Ҷудоӣ, дурӣ аз ҳамдигар, ҳиҷрон), дар адабиёти классикии форс-тоҷик шеъреро гуянд, ки дар он дарду алам ва ҳаҷру фироқи шоир аз дурии ватан, дидори ёру хешу табор ифода ёфтааст. Дар чунин шеърҳо қаҳрамони лирикӣ маъмулан аз фироқи ёру диёр ва сахтин тақдир шикоят намуда, сабабҳои ҷудоии худро …
Муфассал »ФИНЛЯНДИЯ
ФИНЛЯНДИЯ, Республикаи Финляндия (Suomi, Suomen Таsavalta), давлатест дар шимоли Европа. Масоҳаташ 337 ҳазор км2. Аҳолиаш 4,9 млн нафар (1984). Беш аз 93%-и аҳолӣ финҳо, боқимондаашон шведҳо (6%). Забони давлатӣ финӣ ва шведӣ. Аксари диндорон лютеранҳоянд. Пойтахташ шаҳри Хелсинки, Сардори давлат — президент. Органи олли ҳокимияти қонунбарор парламенти якпалатагист. Соҳилҳои халиҷ …
Муфассал »ФИЛФИЛ
ФИЛФИЛ, нигаред Мурч.
Муфассал »ФИЛТРи электрикӣ
ФИЛТРи электрикӣ (радио), ҷиҳозест барои ҷудо кардани лаппишҳои электрикии гуногунбасомад. Лаппишҳои басомадашон ба ҳудуди гузаронандагии Филтри номувофиқ, хомӯш (суст) мешаванд. Филтрҳои баландбасомад, пастбасомад, қитъагӣ, манъкунанда мавҷуданд.
Муфассал »