Маълумоти охирин

Архивы за день : 12.03.2019

«ТАЪРИХИ МУШРИФ»

«ТАЪРИХИ МУШРИФ» асари таърихии муаррихи тоҷик (охири асри 19— аввали асри 20) Олимхоҷа ибни Мирзо Сайидхоҷаи Мушрифи Бухороист, ки тақрибан солҳои 1910—15 ба тоҷикӣ таълиф шудааст. «Таърихи Мушриф» аз ду қисм (китоб) иборат аст. Қисми 1 дорои 23 фасл буда, фасли 1 ба таърихи пайғамбарон, фаслҳои 2— 3 ба таърихи …

Муфассал »

«ТАЪРИХИ МУЛУКИ АҶАМ» – асари Алишери Навоӣ

«ТАЪРИХИ МУЛУКИ АҶАМ» асари таърихии Алишери Навоӣ, ки ба шоҳони қадими Аҷам — Эрон бахшида шудааст. Дар он таърихи ҳукмронии сулолаҳои Пешдодиён, Каёниён, Ашкониён ва Эрони Сосонӣ (то истилои араб) баён гашта, қисман дар бораи таърихи Осиёи Миёна ва ҳокимони он маълумот дода мешавад. «Таърихи мулуки аҷам» дар асоси омӯзиш …

Муфассал »

«ТАЪРИХИ МАНСУРӢ»

«ТАЪРИХИ МАНСУРӢ» (номи пуррааш «Ат-Таърих-ул-«Ман- сурӣ талхис-ул-Кашф в-ал-баён фӣ ҳаводис-из-замон»), асари таърихии дабир ва муаррихи араб Муҳаммад ибни Алии Ҳамавист, ки таълифаш апрели 1234 ба анҷом расидааст. «Таърихи  Мансурӣ» хулоса (мухтасар)-и асари «Кашф- ул-баён фи ҳаводис-из-замони»-и  худи ӯст ва ба Малик Мансури Иброҳим (писари ҳукмрони шаҳри Химсаи Байнаннаҳрайн; асри 13) …

Муфассал »

«ТАЪРИХИ КИРМОН»

«ТАЪРИХИ КИРМОН» асари таърихии муаррих ва адиби асрҳои 12—13 форс-тоҷик Афзалуддин Абӯҳомид ибни Ҳомиди Кирмонӣ маъруф ба Афзали Кирмонӣ, ки ҳодиса ва воқеаҳои сиёсию таърихии замони ҳукмронии Салҷуқиёнро дар бар мегирад. Асар соли 1189 ба забони тоҷики таълиф шуда, аз 5 боб иборат аст. Боби 1 аз таърихи ҳукмронии Салҷуқиён …

Муфассал »