Орифи Чоёбӣ Абдуллоҳ (1882, Чоёби Афғонистон — 1944), шоири афғон. Аз оилаи тоҷир. Дар мадрасаи зодгоҳаш таҳсили илм кардааст. Дар корҳои савдо ба падараш ёрӣ дода, ба шаҳрҳои Бухоро, Хӯқанд ва ғайра мусофират кардааст. Орифи Чоёбӣ бо аҳли илму адаби шаҳрҳо ошноӣ пайдо карда, дар махфилҳои бедилхонӣ иштирок намудааст. Шеърҳои …
Муфассал »Архив Месяца: August 2017
Ориф Ҷалолуддин
Ориф Ҷалолуддин Муҳаммади Шерозӣ (1555—1601), шоир ва орифи форс-тоҷик. Ҷузъиёти тарҷумаи ҳолаш маълум нест. Дар тасаввуф ба яке аз муридони Абдурраҳмони Ҷомӣ — Мавлоно Муҳаммади Рӯҳӣ пайпавӣ мекард. Манбаъҳои адабӣ ва ирфонӣ Орифро ҳамчун мутасаввифи маъруф ёд мекунанд. Ориф асосан рубоиҳои орифона эҷод кардааст.
Муфассал »Ориф Муҳаммадшариф
Ориф Муҳаммадшариф (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоир ва муаррихи нимаи дуюми асри 18 ва аввали асри 19 тоҷик. Дар мавзеи Оғонақии Бухоро ба дунё омадааст. Дар Мадраса таҳсил карда, илмҳои расмии замонашро омӯхт. Аввал дар ахди амир Шоҳмурод (1785—1800) ва баъд амир Ҳайдар (1800—27) ба сифати воқеанигори дарбор хизмат …
Муфассал »Ориф Муллоолими Кобулӣ
Ориф Муллоолими Кобулӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоир ва донишманди форсизабони асри 16 Ҳиндустон. Дар Гулбаҳор ном мавзеи тобеи Кобул ба дунё омадааст. Тахаллус «Баҳорӣ» ва дигараш «Рабеӣ». Марди ширинсухан ва базлагӯе буд. Дар тасаввуф ва аҳволи машоихи Ҳиндустон таълифоте чанд ба анҷом расондааст («Шарҳи мақосид ва таҷрид», «Фавотеҳ-ул-вилойа» …
Муфассал »О Риордан Майкл
О Риордан (O’ Riordan) Майкл (таваллуд 12. 11. 1917, Корк), ҳодими ҳаракати коргарии Ирландия. Кондуктори автобус буд. Дар ҳайати Бригадаи интернасионалӣ дар ҷанги миллию револютсионии солҳои 1936—39 дар Испания иштирок кард. Яке аз асосгузорон (1948) ва котиби Комиҷроияи (аз соли 1951) лигаи коргарии Ирландия (аз соли 1962 – партияи коргарии …
Муфассал »Ориноко
Ориноко (Orinoco; ба забони ҳиндуҳои маҳаллӣ Оринуку—дарё), дарёест дар Америкаи Ҷанубӣ, дар Венесуэла ва Колумбия. Тӯлаш мувофиқи маълумотҳои мухталиф аз 2500 то 2730 километр, масоҳати ҳавзааш 1086 ҳазор километр2. Дар нишебиҳои ғарбии колхозҳои Серра-Парима (қисми ҷануби ғарбии суфакӯҳи Гвиана) ибтидо ёфта, аз пастии Гвиана ҷорӣ мешавад ва ба уқёнуси Атлантик …
Муфассал »Ориёниҳо
Ориёниҳо, номи тоифадои қадими ҳиндуэронист, ки аз ҷиҳати баромадашон бо калимаи эронии қадим агуа (ҳиндуи қадим агуа, порсии қадим ariya, авестоӣ агуа) вобаста аст. Бо чунин ном тоифаҳои ҳиндуэроние маълуманд, ки тақрибан дар ибтидои ҳазораи 2 то милод аз ҳиндуаврупоиҳои қадими ба онҳо қаробатдошта ва ватани аслиашон (Европаи Марказӣ ва …
Муфассал »Ориё
Ориё (Ariane), мафҳумест, ки онро олими Юнони Қадим Эротосфен дар адабиёти атиқа барои ифодаи қисми шарқии пуштакӯҳи Эрон истифода бурда аст. Ба Ориё вилоятҳои Гедросиё, Кармания, Арахосия, Дрангиён, Паропомиз, Ориё ва Порт дохил мешудаанд. Номи юнонии Ориё (Ариана) аз номи эронии Агаупаш (маънояш мамлакат ё шоҳии ориёниҳо) бармеояд.
Муфассал »Ориентасияи аппарати париши кайҳонӣ
Ориентасияи аппарати париши кайҳонӣ 1) вазъияти кунҷи муайяне, ки ба аппарати париши кайҳонӣ (АПК) нисбат ба ҷирмҳои осмонӣ, хатҳои қуввагии майдонҳои магнитию гравитасионӣ ё … дигар самтҳои аниқи фазо дода мешавад. Вобаста ба таъиноти АПК ориентасияи он гуногун аст: дар вақти тадқиқоти астрономии Офтоб, Моҳ ё ситораҳо аз борти АПК …
Муфассал »Ориентасия
Ориентасия (франсавӣ orientation — самт ба шарқ, аз лотинӣ oriens — шарқ), таъмими мафҳуми самти хати ростро ба фигураҳои геометрии нисбатан мураккаб гӯянд. Ориентасия дар хати рост. Нуқта аз рӯи хати рост дар ду самти муқобил ҳаракат карда метавонад. Масалан, аз рӯи хати рости горизонталии АВ (расми 1) ҳам аз …
Муфассал »