Маълумоти охирин
Главная / 2017 / August (страница 29)

Архив Месяца: August 2017

Посёлкаи Палана

poselkai_palana

Палана, посёлкаи типи шаҳрӣ, маркази округи автономии Корякҳои вилояти Камчаткаи РСФСР. Дар соҳили ғарбии нимҷазираи Камчатка ва соҳили рости дарёи Палана (8 км дуртар аз баҳри Охота) воқеъ аст. Аҳолиаш 3,3 ҳазор нафар (1974). Соҳаҳои саноаташ — -хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ. Музеи кишваршиносӣ дорад.

Муфассал »

Налакмурда

nalakmurda

Налакмурда 1) харбуза ё тарбузест, ки пеш аз пухтан палакаш хушкидааст; 2) одами бемормонанди камқувватро гӯянд.

Муфассал »

Палак

palak

Палак 1) растании танобнавдаи паҳнбарг (Палаки харбуза, тарбуз, каду, бодиринг, дастамбӯй ва ғайра.);. 2) пилк, пӯсти гирдогирди чашм; ду пардаеро гӯянд, ки чашмро мепӯшонад ва мижгон аз лабҳои онҳо мебарояд.

Муфассал »

Паладе Ҷорҷ Эмил

palade_jorj_emil

Паладе Ҷорҷ Эмил (таваллудаш 19. 11. 1912, ш. Яссы, Румы­ния), биолог ва тситологи америкоӣ, аъзои АФ миллии ШМА, академияи санъат ва фанҳои Америка. Баъди хатми Университети Бухарест то соли 1946 дар Институти анатомияи ҳамон ҷо кор кардааст. Соли 1946 ба ШМА муҳоҷират карда то соли 1973 мудири шӯъбаи биологии ҳуҷайраи …

Муфассал »

Деҳаи Осмонбикл

Осмонбикл, деҳаест дар Совети қишлоқи Пахтакори райони Восеъ, вил. Кӯлоб. Территорияи колхози ба нами С. М. Киров. Аз Осмонбикл то маркази С. к- 4 км, то район 25 км. Аҳолиаш 675 нафар (1981), тоҷикон. Деҳа мактаби миёна, китобхона, клуб, АТС, устохонаи оҳангарӣ, парки мошину тракторҳо, фер­мам паррандапарварӣ, базаи байнихоҷагии бӯрдоқипарварӣ …

Муфассал »

Осмон

osmon

Осмон [аз «ос» (осиё) ва «мон» (монанд)], а р ш, г а р а з м о н, г а р д у н, само, с и п е ҳ р, у м м у н н у ҷ у м, ф а л а қ  ч а р х. …

Муфассал »

Осмий

osmiy

Осмий элементи химиявии гурӯҳи VIII системаи даврии Менделеев, рақами атомиаш 76, мас­саи атамиаш 190,2; ба металлҳои платинӣ мансуб. Аввалин маротиба соли 1804 С. Теннант ҷудо кардааст. О.-и холис сахт ва мӯрт буда, ҳангоми соидан ба О.-и хока табдил меёбад. О. бо хосиятҳои химиявиаш аэ дигар металлҳои гурӯҳи платина фарҳ мекунад. …

Муфассал »

Османова Зоя Григоревна

Османова Зоя Григоревна (таваллудаш 13. 4. 1924, Боку), шарқшинос-эроншиноси советӣ, доктори илмҳои филологӣ (1972). Аъзои КПСС аз соли 1963. Институти шарқшиносии Москваро хатм кардааст (1947). Аз соли 1954  ходими илмии Ин­ститути адабиёти ҷаҳонӣ ба номи А. М. Горкий. О. доир ба таърихи адабиёти форс-тоҷик ва назарияи адабиёти сермиллати советӣ бештар …

Муфассал »

Осло

oslo

Осло (Oslo), солҳои 1624—1924 Кристиания, шаҳр, пойтахти Норвегия. Калонтарин маркази иқтисодӣ ва мадании мамлакат. Дар соҳили Осло-форд, дар баландии 300—400 м воқеъ аст. Иқлимаш мӯътадили уқёнусӣ; зимистонаш мулоим. Ҳарорати миёнаи январӣ то —о°С, июл 16° С; боришоти солона 677 мм. Масоҳаташ шаҳр 453 км2. Аҳолиаш 460 ҳазор нафар (1981), бо …

Муфассал »