Парин Василий Василевич (18, 3. 1903, Қазон —15. 6. 1971, Москва), физиологи советӣ, академики Академияи Фанҳои СССР (1966) ва АИТ СССР (1944). Аъзои КПСС аз соли 1939. Соли 1925 факултети тиббии Университети Пермр о хатм кардааст. Парин солҳои 1932—41 мудири кафедраи физиология, декан ва ректоре Институти давлатии тиббии Свердловск, 1941— …
Муфассал »Архив Месяца: August 2017
Парик
Парик (аз франсавӣ perrugue), мӯи сохта, ороятӣ, аз мӯй, пашми ҳайвон ё нахҳои сунъй, ки ба рӯи матоъ (монтюр) дӯхта шудааст, тайёр мекунанд. Парик аз давраҳои қадим маъмул буда (Миср, Бобулистон, Ошур, Юнон ва Рими Қадим), дар асри 18 ороиши ҳатмии дворянҳо хисоб меёфт. Минбаъд аз байн рафта. охири соли …
Муфассал »Параллакси шабонарӯзӣ
Параллакси шабонарӯзӣ, кунҷест, ки қуллан он маркази ҷирми осмонӣ буда, як тарафаш ба маркази Замин ва тарафи дигараш ба нуқтаи мушоҳида дар сатхи Замин равона гардидааст. Ба сабаби лағжиши параллаксии шаборӯзӣ ҷисми осмониро дар болои уфуқ нисбат ба он, ки аз маркази Замин дидан мумкин буд, поёнтар мебинем. Ҳангоми муқоисаи …
Муфассал »Параллакси солона
Параллакси солонаи ҷ и р м и осмонӣ, кунҷи хурди ба чирм наздики секунҷаи расткунҷае, ки гипотенузаи он масофаи байни Офтобу ҷирм буда, катети хурдаш нимтири калони мадори Замин аст. Лағжиши параллаксии (солонаи) ҷирмҳо дар натиҷаи гардиши Замин дар атрофи Офтоб ба амал меояд. Параллакси солона бо ду ченкунни координатаҳои …
Муфассал »Параллакси Офтоб
Параллакси Офтоб, параллакс и экваториалии уфуқии Офтоб, кунҷест, ки таҳти он радиуси экваториалии Замин аз масофаи миёнаи Офтоб намоён аст. Параллакси Офтоб бо усулҳои геометрӣ (тригонометрӣ), динамики (гравитатсионӣ) ва физикӣ муайян карда мешавад. Ҳангоми истифода бурдани усулҳои геометрӣ мавқеи сайёраҳоро нисбат ба ситораҳо аниқ чен мекунанд. Аз ду расадхонае, ки …
Муфассал »Параллакси асрӣ
Параллакси асрӣ, ҷойивазкунии кунҷии (солонаи) ситора дар гунбади осмон, ки натиҷаи ҳаракати системаи Офтоб асту дар самти нисбат ба ин ҳаракат амудӣ ба амал меояд. Параллакси асрӣ аз рӯӣ ҷойивазкунии параллаксии бо мурури замон бефосила афзоянда муайян карда мешавад. Азбаски ситораҳо ҳаракати хоса доранд, Параллакси асриро фақат статистӣ нисбат ба …
Муфассал »Параллакс
Параллакс (юн. рагаllaxis—тамоюл), дар натиҷаи дигар шудани вазъи мушоҳид зохиран тағйир ёфтани мавқеъҳои нисбии предметҳоро гӯяанд. Параллакс дар асбобҳои оптикӣ (масалан, микроскоп) ҳангоми дар пеши окуляр ҳаракат кардани чашми мушоҳид дар мавриди бо ҳамвории тасвире, ки объектив медиҳад, рост наомадани тури сарҳисоб ё риштаи андозагирӣ зоҳир мешавад. Дар астрономия Параллакс …
Муфассал »Паразитҳо
Паразитҳо (аз юн. раsitos — муфтхӯр), организмҳое, ки аз ҳисоби организмҳои дигар (ҳомилон) ғизо гирифта, ба онҳо зарар мерасонанд. Ниг. Паразитизм, Паразитология, Паразитотсеноз.
Муфассал »Паразитотсеноз
Паразитотсеноз (аэ паразитҳо ва юн. koinos — умумӣ), .маҷмӯи паразитҳои организми одам ва ҳайвон (ҳомил). Мафҳуми Паразитотсенозро дар илм олими советӣ Б. Н. Павловский ҷорӣ кард. Ба Паразитотсеноз ҳайнолоти паразит, бактерияҳо, занбурӯғҳоо, вирусҳо (сарфи назар аз он ки барангезандаи касалианд ё не) дохил мешаванд. Паразитҳо на танҳо дар ҳайвоноти мулталиф, …
Муфассал »Паразитология
Паразитология (аз юн. раrasitos — паразитҳо ва …логия), илми биологии комплексиест, ки зуҳуроти паразитизми олами ҳайнонотро ҳаматарафа меомӯзад. Паразитология илмест, ки барои (ҳифви сиҳатии одам ва ҳайвонот хизмат мекунад, зидди паразитҳо ва қасалиҳои сироятӣ даво меёбад. Аз ин ҷиҳат Паразитология бо илмҳои зоология, ботаника, тиб, ветеринария, химия ва ғайра сахт …
Муфассал »